Таваҷҷуҳи ширкатҳои Австрия ба таҷдиди нерӯгоҳҳои Тоҷикистон

Субҳи имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати  Тоҷикистон вохӯрии вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ бо ноиб – президенти аршади ширкати “Andritz Hydro GmbH” Александр Шваб ва менеҷери минтақавӣ оид ба фурӯш ва маркетинги ширкати “Voith Hydro” Штефан Марошек баргузор гардид. Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати мазкур иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои […]

ASIA-Plus


Субҳи имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати  Тоҷикистон вохӯрии вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ бо ноиб – президенти аршади ширкати “Andritz Hydro GmbH” Александр Шваб ва менеҷери минтақавӣ оид ба фурӯш ва маркетинги ширкати “Voith Hydro” Штефан Марошек баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати мазкур иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи энергетика ва саноат, бахусус дар бахши энергетикӣ, инчунин таҷдид ва азнавсозии НБО-ҳо дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд.

Пас аз вохӯриву гуфтушунидҳо ду Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд. Ёддошти ҳусни тафоҳум байни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва ширкати “Andritz Hydro GmbH”-ро вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон ва ноиб-президенти аршади ширкати “Andritz Hydro GmbH” Александр Шваб ва Ёддошти тафоҳум оид ба таҷдид ва азнавсозии нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар Тоҷикистонро вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ ва менеҷери минтақавӣ оид ба фурӯш ва маркетинги ширкати “Voith Hydro” Штефан Марошек ба имзо расониданд.

Мавриди тазаккур аст, ки ширкатҳои зикргардида дар доираи сафари расмии президенти Австрия ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

 Ҷонибҳо аз натиҷаҳои вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба дар ин бахш ба манфиатҳои тарафайн судманд хоҳад буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.