Таҳкими робитаҳо бо Созмони байналмилалии муҳоҷират

spot_imgspot_img

Дата:


Чанде қабл мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон Сафиалло Девонаев бо роҳбари Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон Тайма Курт доир гардид.

Тавре аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи ХМ иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот сардори Хадамоти муҳоҷират оид ба фаъолият ва дастовардҳо, ба имзо расонидани созишномаҳои байналмилалӣ бо як қатор кишварҳо аз ҷумла, бо Федератсияи Россия ба хонума Тайма Курт маълумот дод.

Ӯ иброз дошт, ки пурзӯр намудани кӯмакҳои техникӣ тавассути Созмони Байналмилалии Муҳоҷират ба Хадамоти муҳоҷират метавонад ба муҳоҷирони меҳнатӣ ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва касбҳои мутобиқи талаботи бозори меҳнати ҷаҳонӣ, мусоидат намояд.

Сардори Хадамоти муҳоҷират пешниҳод намуд, ки дар моҳи сентябри соли ҷорӣ, Форуми байналмилалӣ дар мавзӯи муҳоҷирати меҳнатӣ баргузор гардад, ки дар он Директори генералии Созмони Байналмилалии Муҳочират(СБМ) ва роҳбарони диаспораҳои тоҷикони бурунмарзӣ иштирок намоянд. Ин форум барои боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои иҷтимоии онҳо, ҳамкории зич бо диаспораҳо ва барасии «Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2011-2015» шароити муфид фароҳам хоҳад овард.

Дар навбати худ хонум Тайма Курт, ки қариб шаш моҳ мешавад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд, барои боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкориҳои судманд байни Хадамоти муҳоҷират ва Созмони Байналмилалии Муҳоҷират(СБМ) кӯшиш менамояд. Хонума Тайма Курт пешниҳоди Сардори Хадамоти муҳоҷиратро оид ба ташкили Форуми байналмилалии муҳоҷират хуб пазируфта, иброз дошт, ки: ” Иштироки Шуморо дар Конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи “Форуми вазирон оид ба диаспораҳо”, ки 18-19 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Женева баргузор мегардад, интизорем”.

Дар фарҷом тарафҳо доир ба нақшаҳо ва барномаҳои дар атрофи муҳоҷирати меҳнатӣ мубодилаи афкор намуданд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...