«Барқи тоҷик»: Овозаҳои болоравии нархи барқ беасосанд

Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» расман изҳор медорад, ки овозаҳои ахиран пайдошуда дар бораи болоравии нархи истифодаи нерӯи барқ асоси воқеӣ надоранд. Дар изҳороти дар сомонаи ширкат интишоршуда зикр мегардад, ки вақтҳои охир дар байни мардум ва дар баъзе воситаҳои ахбори омма овозаҳое шунида мешаванд, ки гӯё нархи барқ дар кишвар баланд бардошта мешавад […]

ASIA-Plus


Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» расман изҳор медорад, ки овозаҳои ахиран пайдошуда дар бораи болоравии нархи истифодаи нерӯи барқ асоси воқеӣ надоранд.

Дар изҳороти дар сомонаи ширкат интишоршуда зикр мегардад, ки вақтҳои охир дар байни мардум ва дар баъзе воситаҳои ахбори омма овозаҳое шунида мешаванд, ки гӯё нархи барқ дар кишвар баланд бардошта мешавад ё ҳатто алаккай боло рафтааст.

«Алҳол, бо вуҷуди бо қиёси нархҳои миёнаи байналмиллалии нерӯи барқ хеле арзон будани нархи барқ дар кишвари мо, дар Тоҷикистон боло рафтани нархи барқ дар назар нест», – омадааст дар изҳорот.

Дар изҳорот хотиррасон мешавад, ки дар Тоҷикистон нархи барқ барои аҳолӣ 11 дирам бо назардошти андоз аз арзиши изофа (ААИ), барои муштариёни саноатӣ ва ғайрисаноатӣ 26,63 дирамро бе назардошти ААИ барои ҳар киловатт/соат ташкил медиҳад.

«Ба замми ин, пардохти ҳаққи барқи оилаҳои камбизоат аз тарафи давлат ҷуброн мешавад», – гуфта мешавад дар изҳороти ширкат.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?