Ҳузури раиси ҲНИТ дар форуми «Алҷазира»

Муҳиддин Кабирӣ, Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо даъвати роҳбарияти ширкати “Алҷазира” – яке аз маъруфтарин шабакаҳои иттилоотии ҷаҳон, дар форуми 7-уми он ширкат ва суханронӣ хохад кард. Бино ба иттилои сомонаи расмии хНИТ, ин форум дар шаҳри Доҳаи давлати Қатар баргузор гардида, байни коршиносон номи “Давоси Шарқ”- ро гирифтааст ва дар фаъолиятҳои он сиёсатмадорону […]

ASIA-Plus


Муҳиддин Кабирӣ, Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо даъвати роҳбарияти ширкати “Алҷазира” – яке аз маъруфтарин шабакаҳои иттилоотии ҷаҳон, дар форуми 7-уми он ширкат ва суханронӣ хохад кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии хНИТ, ин форум дар шаҳри Доҳаи давлати Қатар баргузор гардида, байни коршиносон номи “Давоси Шарқ”- ро гирифтааст ва дар фаъолиятҳои он сиёсатмадорону сармоягузорон ва  коршиносони маъруф ширкат мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, форуми имсола таҳти унвони “Олами нав ва фурсатҳои нав” баргузор мегардад ва мутахассисон талош мекунанд, ки роҳҳои асосии истифодаи фурсатҳои навро барои кишвархои Шарқ баррасӣ намоянд.

Аз кишварҳои собиқ Шуравӣ инчунин академик Наумкин, директори Институти шарқшиносии Русия низ ба ин форум даъват шудааст.

Дар назар аст, ки дар ҳошияи форум ширкаткунандагон дар мусоҳабаҳо ва дигар фаъолиятҳои телевизиони “Алҷазира” ширкат хоханд кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.