Нерӯгоҳи Сангтӯда-2 пурра ба истифода дода мешавад

Муовини аввали вазири энергетика ва саноати ҶТ Пӯлод Муҳиддинов иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани агрегати дуюми нерӯгоҳи Сангтӯда-2-ро тасдиқ кард. Дар мусоҳиба ба Агентии иттилоотии Fars, Пӯлод Муҳиддинов зикр кардааст, ки рӯзи 21-уми март зимни таҷлили ҷашни Наврӯз сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод ба фаъолияти […]

Пайрав Чоршанбиев


Муовини аввали вазири энергетика ва саноати ҶТ Пӯлод Муҳиддинов иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани агрегати дуюми нерӯгоҳи Сангтӯда-2-ро тасдиқ кард.

Дар мусоҳиба ба Агентии иттилоотии Fars, Пӯлод Муҳиддинов зикр кардааст, ки рӯзи 21-уми март зимни таҷлили ҷашни Наврӯз сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод ба фаъолияти агарегати дуюми нерӯгоҳи Сангтӯда-2 расман ҳсуни оғоз бахшида, сипас нерӯгоҳ бо иқтидори пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Дар баробари ин, Муҳиддинов ҳамчунин иброз доштааст, ки ШСХК «Барқи тоҷик» ният дорад, ки то охири сол қарзҳояш дар назди нерӯгоҳи Сангтӯда-2-ро пардохт намояд.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи феврали соли равон, сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон

аз ШСХК «Барқи тоҷик» тақозо намуд

, ки қарзаш ба нерӯгоҳи обиву барқии Сангтӯда-2-ро пардохт кунад. Бахши иқтисодии сафорати Эрон дар Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба ширкати «Барқи тоҷик», тақозо намуд, ки то замони ташрифи президенти ин кишвар Маҳмуди Аҳмадинажод ба Тоҷикистон, масъалаи пардохти қарз дар ҳаҷми 12 млн. доллари ИМА-ро ҳаллу фасл кунад.

Мавриди зикр аст, ки маросими мавриди истифода қарор гирифтани агрегати якуми нерӯгоҳи Сангтӯда-2 низ санаи 5-уми сентябри соли 2011 бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод доир гардида буд. Пас аз пурра мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳи Сангтӯда-2 иқтидори солонаи истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон 1 млрд. кВт/соат зиёд мешавад.

Нерӯгоҳи Сангтӯда-2 лоиҳаи муштараки Эрону Тоҷикистон буда, ҳиссаи Тоҷикистон дар он 40 млн. $ ва ҳиссаи Эрон 180 млн. $-ро ташкил медиҳад. Айни замон танҳо яке аз агрегатҳои нерӯгоҳ бо иқтидори 110 МВт мавриди амал қарор дошта, бо фаъол шудани агрегати дуюми нерӯгоҳ иқтидори он 220 МВт-ро ташкил хоҳад дод.

Майдони сохтмони нерӯгоҳи барқии Сангтӯда-2 дар 120 километрии ҷанубу шарқи Душанбе воқеъ аст. Сохтмони иншоот панҷ сол қабл оғоз гардида, даромади 12,5 соли аввали кори он ба ихтиёри Эрон вогузор хоҳад шуд. Пас аз ин нерӯгоҳ пурра ба ихтиёри Тоҷикистон мегузарад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.