Р.Зойиров оид ба бедарак шудани раиси ҷамоати ӯзбекон

Раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров оид ба бедарак шудани раиси ташкилоти ҷамиятии ӯзбекони вилояти Хатлон Салимбой Шамсиддинов хабар дод. Дар муроҷиати худ ба унвони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи иснони ҶТ Зариф Ализода, раиси КДАМ Саймумин Ятимов ва вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов раиси ҲУСДТ изҳори итминон кардааст, ки бедарак шудани раиси ташкилоти […]

Рамзия Мирзобекова


Раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров оид ба бедарак шудани раиси ташкилоти ҷамиятии ӯзбекони вилояти Хатлон Салимбой Шамсиддинов хабар дод.

Дар муроҷиати худ ба унвони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи иснони ҶТ Зариф Ализода, раиси КДАМ Саймумин Ятимов ва вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов раиси ҲУСДТ изҳори итминон кардааст, ки бедарак шудани раиси ташкилоти ҷамъиятии ӯзбекони вилояти Хатлон ангезаи сиёсӣ дорад.

Дар изҳорот Р.Зойиров хабар медиҳад, ки С.Шамсиддинов ду рӯз пеш дар Қӯрғонтеппа субҳ ҳангоми машғул будан ба давидан боздошт шуда, имрӯз макони будубоши ӯ маълум нест, аммо раиси ҲУСДТ аз эҳтимол дур намедонад, ки С.Шамсиддинов барои ҳамкорӣ бо ӯ аз ҷониби кормандони КДАМ боздошт ва ба Душанбе оварда шудааст.

«Дарвоқеъ ҳам мо бо ӯ ҳамкорӣ доштем. Ҳамчун раиси Консорсиуми ҳуқуқии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2012 ман ба конфронси ҷамоати ӯзбекон дар Қӯрғотеппа даъват шуда будам. Дар конфронси мазкур бо иштироки намояндаи ҳокимияти давлатии шаҳр дар бораи ҳамкории ҳуқуқии Ташкилоти ҷамъиятии вилоят  бо консорсиум қарор қабул шуд. Пас аз ин тасмим гирифта шуд, ки бо назардошти ҳуқуқшинос будани С.Шамсиддинов, ӯ аз 1-уми марти соли 2013 намояндаи Консорсиуми ҳуқуқӣ дар Қӯрғонтеппа хоҳад шуд», – баён мегардад дар изҳороти Р.Зойиров.

Дар идома ӯ зикр мекунад, ки 12-уми январи соли 2013 С.Шамсиддинов дар Душанбе ҳамчунин дар кори мизи гирди Кумитаи эътилоф оид ба ворид намудани тағйирот ба қонуни интихоботи президент низ ширкат варзидааст.

Ба қавли Зойиров, зимни суҳбати телефонӣ бо С.Шамсиддинов рӯзи 15-уми март онҳо баъзе аз лаҳзаҳои кориро баррасӣ намуда, сипас Шамсиддинов изҳор кардааст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯро мавриди фишор қарор додаанд.

«С.Шамсиддинов узви ҲУСДТ набуда, муносибатҳои мо ҷанбаи ҳуқуқӣ доштанд, вале акнун ҷанбаи сиёсӣ касб карданд. Дар ин робита ман маҷбурам, ки натанҳо ҳамчун раиси Консорсиуми ҳуқуқӣ, балки ҳамчун раиси ҳизби сиёсӣ амал намуда, изҳор намоям, ки баъди аз ҷониби ташкилоти сабтиномнашудаи Ҳаракати миллӣ пешниҳод шудани Р.Зойиров ба ҳайси номзади ягона ба мансаби президенти ҷумҳурӣ, фишор болои С.Шамсиддинов пурзӯртар карда шуд», – менависад дар изҳорот Р.Зойиров.

Дар муроҷиат Р.Зойиров бо такя ба моддаи 5-и Конститутсияи ҶТ аз мансабдорони масъули давлатӣ дархост намудааст, ки ҷиҳати ошкор кардани макони будубоши С.Шамсиддинов ва ҳифзи ҳуқуқҳои ӯ дар доираи Конститутсия ва дигар қонунҳо чора андешанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.