Девонаев дипломатҳоро ба омӯзиши таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ даъват кард

Чанде қабл дастгирии бевоситаи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ вохӯрии сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Сафиало Девонаев бо намояндагони корпусҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар доир гардид. Тавре аз шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати ҶТ хабар доданд, зимни мулоқот  ӯ доир ба таъсиси ХМ, самтҳои асосии фаъолият ва корҳое, ки то кунун […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дастгирии бевоситаи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ вохӯрии сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Сафиало Девонаев бо намояндагони корпусҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар доир гардид.

Тавре аз шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати ҶТ хабар доданд, зимни мулоқот  ӯ доир ба таъсиси ХМ, самтҳои асосии фаъолият ва корҳое, ки то кунун тавассути ХМ анҷом дода шудаанд, маълумот дод.

 Ў қайд намуд, ки «муҳоҷирати меҳнатӣ равандест, ки аксари кишварҳои олам бо ин падида рӯ ба рӯ мебошанд ва тибқи маълумотҳои Созмони байналмилалии муҳоҷират(СбМ)дар соли 2010 теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ 214 миллион нафарро ташкил дода, бо пешбиниҳое, ки коршиносон ва мутахассисони соҳаи муҳоҷират анҷом додаанд то соли 2050 ба 405 миллион нафар мерасад».

 «Бояд қайд намуд, ки қариб 90%-и муҳоҷирони меҳнатии мо ба ФР сафар менамоянд ва омӯзиши забони русӣ ва доштани касбу ҳунар яке аз самтҳои муҳими фаъолият ба ҳисоб меравад, – гуфт ӯ. –  Дар баробари дигар забонҳо омӯзиши забонҳои англисӣ, немисӣ ва арабӣ низ бо дарназардошти тағйири раванди муҳоҷират дар ҷаҳон яке аз афзалиятҳои Хадамоти муҳоҷират ба ҳисоб меравад».

 Ба қавли вай, надоштани касб ва надонистани забон яке аз мушкилоти асосии муҳоҷирони меҳнатии мо мебошанд, ки ҳангоми сафар ба хориҷа бештар бо ин мушкилот рӯ ба рӯ мегарданд.

«Хадамоти муҳоҷират ҷиҳати ба танзим даровардани раванди муҳоҷират тадбирҳои судманд меандешад ва мо бояд аз таҷрибаи бойи бархе аз кишварҳо ҳангоми бастани созишномаҳо назири Ҷумҳурии Туркия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ истифода кунем», – афзуд сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ.

Зимнан зикр гардид, ки дар фарҷоми мулоқот дипломатҳои Тоҷикистон омодагии худро баҳри тақвият ва густариши ҳамкориҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ бо Хадамоти муҳоҷират баён доштанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.