И.Усмонов: Сафи зиёиёни фаннии тоҷик хеле ночиз аст

Маъмулан табақаи зиёиёни тоҷик асосан дар бахшҳои филологияву таърих ташаккул ёфта, маҳз бо ҳамин сабаби одӣ ба масоили гуманитарӣ, тозагии забони модарӣ ва таърих таваҷҷуҳ зоҳир менамояд ва бештар аз он изҳори ташвиш мекунад. Дар ин робита сиёсатмадор, рӯзноманигор ва олими маъруфи тоҷик Иброҳим Усмонов чунин иброз андеша кард, ки барои баррасии мушкилоти миқёси ҷаҳонӣ […]

Аваз Юлдошев


Маъмулан табақаи зиёиёни тоҷик асосан дар бахшҳои филологияву таърих ташаккул ёфта, маҳз бо ҳамин сабаби одӣ ба масоили гуманитарӣ, тозагии забони модарӣ ва таърих таваҷҷуҳ зоҳир менамояд ва бештар аз он изҳори ташвиш мекунад.

Дар ин робита сиёсатмадор, рӯзноманигор ва олими маъруфи тоҷик Иброҳим Усмонов чунин иброз андеша кард, ки барои баррасии мушкилоти миқёси ҷаҳонӣ сафи зиёиёни фаннии тоҷик хеле ночиз аст.

«Мушкилоти иқтисодии кишварро зиёиёни мо мувофиқи имконоти доштаашон, вале дар шакли хеле маҳдуд баррасӣ мекунанд, зеро барои баррасии бештар фарогир аз таҷрибаву дониши ғанӣ бархӯрдор нестанд», – мегӯяд вай.

Дар робита ба масъалаи начандон фаъол будани намояндагони зиёиён дар вохӯриҳои анъанавӣ бо президенти ҷумҳурӣ профессор зикр кард, ки ӯ ҳеҷ гоҳ дар ин мулоқотҳо ширкат наварзида, дар бораи шакли баргузории он ва мавқеъгириҳои зиёиён дар он тасаввуроти комиле надорад.

Ёдрас мекунем, ки мулоқоти анъанавии сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони зиёиёни эҷодкор, ки ҳамасола дар остонаи таҷлили ҷашни Наврӯз доир мегардад, соли равон санаи 20-уми март дар бинои нави Осорхонаи миллии ҷумҳурӣ баргузор мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.