«Амонатбонк» Наврӯзро бо мусобиқоти футбол пешвоз гирифт

Чанде қабл дар Муассисаи давлатии «Маҷмуаи варзишии ТоҷикСтандарт» дар шаҳри Душанбе вохӯрии ниҳоии дастаҳои кормандони 12 филиали  БДА ҶТ «Амонатбонк» оид ба футболи хурд бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз барпо гардид. Тавре аз хадамоти матбуоти БДА «Амонатбонк» хабар доданд, бо дастгирии Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова ин мусобиқаи варзишӣ барои ба даст овардани […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар Муассисаи давлатии «Маҷмуаи варзишии ТоҷикСтандарт» дар шаҳри Душанбе вохӯрии ниҳоии дастаҳои кормандони 12 филиали  БДА ҶТ «Амонатбонк» оид ба футболи хурд бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз барпо гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти БДА «Амонатбонк» хабар доданд, бо дастгирии Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова ин мусобиқаи варзишӣ барои ба даст овардани ҷоми «Наврӯз-2013» таърихӣ 02.03.2013 оғоз шуда буд. Дар вохӯрии финалӣ барои дарёфти ҷоми «Наврӯз-2013» дастаи Раёсати Амонатбонк ва дастаи филиали Бонк аз н. Фирдавсии ш.Душанбе бо ҳам рақобат намуданд, ки дастаи Раёсати Бонк пирӯзӣ ба даст овард.  

Дар маросими супоридани тӯҳфаҳои хотиравӣ ва ҷоми «Наврӯз-2013» Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Ҳасанова Гулнора Кенҷаевна, муовини раис Икромов Сироҷиддин Саломович ва муовини Раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиаҳмад Мирзоев ширкат доштанд.   

Аз тарафи роҳбарияти Бонк ҳамаи иштирокчиён бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд ваГулнора Кенҷаевна ҳозиринро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи хуҷастапай табрик намуда ба онҳо барору комёбиро дар кору рӯзгор таманно намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.