Ташрифи директори минтақавии ЮНИСЕФ ба Тоҷикистон

Ҷонишини директори минтақавии ЮНИСЕФ барои Аврупои марказӣ ва шарқӣ ва Иттиҳоди давлатҳои мустақил (АМШ/ИДМ), хонум Кирси Мади ба муносибати баррасии миёнамӯҳлати Барномаи кишварии ҳамкорӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ ба Тоҷикистон ташриф овард. Дар маълумоти иттилоияи интишоршудаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) зикр мегардад, ки дар ҷаласаи бахшида ба баррасии миёнамӯҳлат намояндагони вазоратҳои калидӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, […]

ASIA-Plus


Ҷонишини директори минтақавии ЮНИСЕФ барои Аврупои марказӣ ва шарқӣ ва Иттиҳоди давлатҳои мустақил (АМШ/ИДМ), хонум Кирси Мади ба муносибати баррасии миёнамӯҳлати Барномаи кишварии ҳамкорӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ ба Тоҷикистон ташриф овард.

Дар маълумоти иттилоияи интишоршудаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) зикр мегардад, ки дар ҷаласаи бахшида ба баррасии миёнамӯҳлат намояндагони вазоратҳои калидӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, оҷонсиҳо оиди рушд ва аъзоёни ҳайати дипломатӣ ширкат варзиданд. Ҷаласаро Комиссияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ҳуқуқи кӯдак дар якҷоягӣ бо ЮНИСЕФ раисӣ намуданд.

Ҷаласаи баррасии миёнамӯҳлат пешрафти барномаи ҷории кишвариро (2010-2015) баҳогузорӣ намуд ва вазъияти кӯдаконро дар кишвар мавриди баҳс қарор дод. Иштирокчиён тағйиротҳои пушниҳодшударо барои мӯҳлати боқимондаи Барномаи кишварӣ дар заминаи дигаргуниҳои барномавии ҳамкорӣ ва таҷрибаи андӯхта дида бароманд.

Ба муносибати ин чорабинӣ сухан ронда, хонум Кирси Мади оиди самаранок ва судмандона исттифода намудани тамоми захираҳои дар ихтиёри ЮНИСЕФ буда таъкид намуд. ЮНИСЕФ ба масъалаи кӯдакони аз тарақиёти иҷтимоӣ дурмонда ва осебпазир диққати махсус дода, барои амалӣ намудани ҳуқуқҳои чунин кӯдакон ва ба инкишофи пурраи худ расидани онҳо кӯмаки худро идома медиҳад. Хонум Кирсӣ аз иштирокчиёни ҷаласа барои ҳамкории давомнок баҳри ҳимояи ҳуқуқи кӯдак изҳори миннатдорӣ намуд.

Дар давоми сафари се рӯзаи худ, Ҷонишини директори минтақавӣ бо намояндагони вазоратҳои маориф, тандурустӣ, адлия ва ҳамчунин Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак ва оҷонсиҳои СММ дар Тоҷикистон вохӯриҳо мегузоронад. Мақсади асосии ин вохӯриҳо ин табодули назар оиди ҳамкории ояндаи ЮНИСЕФ баҳри манфиати кӯдакон ва занони ин мамлакат мебошад.

Хонум Кирсӣ ба Қӯрғонтепа сафар менамоянд, то бевосита бо пешрафти хадамоти бо дастгирии ЮНИСЕФ барои кӯдакони имкониятошон маҳдуд ҷойдошта ва ҳамчунин корҳои пурқувватгардонии нигоҳубин ва тандурустии модару кӯдак шиносоӣ пайдо намояд.

Вай ҳамчунин бо хабарнигорони ба тозагӣ оиди ҳуқуқи кӯдак аз тарафи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон омӯзишдида вохӯрӣ мегузаронад. Дар Душанбе, хонум Кирсӣ бо волидайни кӯдакони имкониятошон маҳдуд вомехӯрад ва аз Хонаи марказии кӯдакон боздид ба амал меоварад, то бо барномаҳои пешгирӣ ва коҳиш намудани дар муассисаҳои будубоши доимӣ ҷой додани кӯдакони то се сола шиносоӣ пайдо намояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.