Оғози мурофиаи боз як гумонбар ба қатли «Бобои Барфӣ»

Дар суди шаҳри Душанбе мурофиа навбатӣ нисбати боз яке аз ҷавони навбатӣ, ки ба қатли Парвиз Давлатбеков шаби 1-уми январи соли 2012 гумонбар дониста мешавад, оғоз гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суди шаҳрии пойтахт хабар доданд, Фирдавс Муродови 22-сола ба авбошӣ гумонбар дониста шуда, он шаб миёни ҷавонони ба Давлатбеков дарафтода ҳузур дошт, вале […]

ASIA-Plus


Дар суди шаҳри Душанбе мурофиа навбатӣ нисбати боз яке аз ҷавони навбатӣ, ки ба қатли Парвиз Давлатбеков шаби 1-уми январи соли 2012 гумонбар дониста мешавад, оғоз гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суди шаҳрии пойтахт хабар доданд, Фирдавс Муродови 22-сола ба авбошӣ гумонбар дониста шуда, он шаб миёни ҷавонони ба Давлатбеков дарафтода ҳузур дошт, вале баъди ҳодиса дарҳол ба Русия паноҳ бурда буд. Баъди чанде ӯ ба Тоҷикистон баргашта, ихтиёрӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шуд.

Моҳи июни соли гузашта ҳамчунин сокини пойтахт Фирӯз Нарзуллоеви 18-сола низ боздошт шуд, ки барои гумонбарӣ ба даст доштан дар қатли Давлатбеков мавриди ҷустуҷӯ эълон шуда буд.

Ёдрас мекунем, ки Парвиз Давлатбеков шаби 1-уми январи соли 2012  бо сарулибоси Бобои Барфӣ наздикону хешовандонашро бо Соли нав табрик карданӣ буд, вале дар натиҷаи ҷанҷол дар кӯча аз зарбаҳои корд ҷароҳат бардошта, рӯзи 2-юми январ дар беморхона ба ҳалокат расид.

Аввали моҳи марти соли гузашта суд нисбати айбдоршавандагон оид ба қазияи марги Парвиз Давлатбеков

ҳукм содир намуд.

Беҳрӯз Шарифови 16-сола дар қатли Парвиз Давлатбеков гунаҳкор дониста шуда, ба муддати 10 соли зиндон маҳкум шуд. Суд ба чунин хулоса расидааст, ки маҳз зарбаҳои ӯ барои П.Давлатбеков марговар будаанд. То ба синни балоғат расидан Шарифов муҳлати ҷазоро дар муассисаи ислоҳотӣ барои ноболиғон адо мекунад.

Судшавандагони дигар – Шараф Давлатов ва Фаррух Самиев мутобиқи моддаи 237 КҶ ҶТ (Авбошӣ) гунаҳкор эътироф гардида, ба муддати 4 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд.

Нисбат ба айбдоршавандаи дигар – ноболиғ Ҳасан Абдурашидов ҷазо дар шакли ҷарима дар ҳаҷми 100 нишондиҳандаи ҳисоб (як нишондиҳандаи ҳисоб ба 40 сомонӣ баробар аст) таъин карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.