Ифтитоҳи намояндагиҳои КБСС дар манотиқи Тоҷикистон

Муовини аввали раиси МН МО ҶТ Амиршо Миралиев бо муовини сардори Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх (КБСС) дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Каролине Доуиллез Садоуба, сардори дафтари намояндагии кумитаи мазкур дар Тоҷикистон хонум Северин Шаппаз ва котиби генералии Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Зафар Муҳаббатов бо хоҳиши онҳо мулоқот намуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти палати […]

ASIA-Plus


Муовини аввали раиси МН МО ҶТ Амиршо Миралиев бо муовини сардори Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх (КБСС) дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Каролине Доуиллез Садоуба, сардори дафтари намояндагии кумитаи мазкур дар Тоҷикистон хонум Северин Шаппаз ва котиби генералии Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Зафар Муҳаббатов бо хоҳиши онҳо мулоқот намуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти палати поёнии парлумони ҷумҳурӣ, зимни мулоқот Амиршо Миралиев изҳор кард, ки Тоҷикистон имрӯз бо бисёр кишварҳои тараққикардаи дунё ва созмонҳои байналмиллалӣ ҳамкориҳои хуб дошта, Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх яке аз чунин созмонҳои бонуфузест, ки солҳои тулонӣ дар Тоҷикистон фаъолият менамояд.

«Мардуми мо кӯмак ва дастгириҳои ин созмонро дар солҳои аввали соҳибистиқлолиятииТоҷикистон, ки барояшон хеле душвор буд ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард. Имруз ҳам КБСС дар ҳамбастагӣ бо Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз рӯи як қатор лоиҳаҳо ва барномаҳои гуногун дар Тоҷикистон корҳои назаррасеро ба сомон расонидаанд, ки ин шоёни таҳсин аст», – иброз дошт ӯ.

Амиршо Миралиев ҳамчунин таъкид кард, ки имрӯз вақти он расидааст, ки Кумита имконият дорад намояндагиҳои худро дар дигар манотиқи Тоҷикистон баҳри густариши ҳамкориҳои судманд ифтитоҳ намояд. То кунун Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон 65 бахшҳои шахрию ноҳиявӣ ва 4 бахшҳои вилоятиву минтақавии худро дар ҷумҳурӣ баҳри фаъолияти густурда ифтитоҳ намудааст.

Сардори Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Каролине Доуиллез Садоуба иброз дошт, ки Кумита бо ҳукумати Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатии ин кишвар дар самтҳои гуногун, аз ҷумла безарарсозии майдонҳои минакоришуда, беҳбуди вазъи зиндониён ҳамкориҳои хубро роҳандозӣ намуда, ният дорад, ки дар ин бахшҳо робитаҳои хешро боз ҳам тақвият бахшад.

Сардори КБСС дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ иброз намуд, ки «мо ният дорем, дар соли ҷорӣ дафтари намояндагии худро бо мақсади таҳким ёфтани робитаҳо дар шимолу ҷануби Тоҷикистон ифтитоҳ намоем».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.