Боздошти гумонбарони ду куштор дар Исфара

Дар ноҳияи Исфара гумонбарони ду ҳодисаи куштори дар соли равон рухдода боздошт шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта гумонбар ба қатли Баҳромиддин Аҳмедов, сокини 43-солаи ҷамоати Навгилем, сокини 53-солаи ҷамоати Шӯроб Убайдулло Ҳомидов боздошт шудааст, ки дар ҳолати мастӣ ба куштор даст зада, […]

Мавлуда Рафиева


Дар ноҳияи Исфара гумонбарони ду ҳодисаи куштори дар соли равон рухдода боздошт шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта гумонбар ба қатли Баҳромиддин Аҳмедов, сокини 43-солаи ҷамоати Навгилем, сокини 53-солаи ҷамоати Шӯроб Убайдулло Ҳомидов боздошт шудааст, ки дар ҳолати мастӣ ба куштор даст зада, сипас ҷасадро ба ҷӯйбор партофта буд.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи дуюм рӯзи 15-уми март дар шаҳри Исфара рух дода, нимашаб дар истгоҳи автомашинаҳои воқеъ дар кӯчаи Баҳори шаҳри Исфара ҷасади сокини 40-солаи ҷамоати Фондарёи ноҳияи Айнӣ Обид Обидов бо ҷароҳатҳои зиёд аз зарбаи корд дарёфт шуда буд. Ба гумони даст доштан дар ин куштор сокини 34-солаи шаҳри Исфара Рустам  Асророви қаблан се маротиба маҳкумшуда боздошт шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин ҳодисаҳо мутобиқи моддаи 104, қ. 2-и КҶ ҶТ (Одамкушӣ) парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Бино ба маълумоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, соли гузашта дар қаламрави шаҳру навоҳии минтақаи шимоли кишвар 38 далели одамкушӣ (соли 2011 – 41 далел) ба қайд гирифта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.