Коргоҳи поксозии КМ «Зарафшон» ба кор даромад

Коргоҳи поксозии тило (аффинажӣ)-и корхонаи истеҳсоли тилои корхонаи муштараки «Зарафшон» мавриди истифода қарор гирифт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори КМ «Зарафшон» Бобохон Бобохонов хабар дод, қаблан корҳои поксозии тило аз омехтаҳои дигар дар КВД «Востокредмет» анҷом мепазируфт ва акнун аз аввали моҳи март чунин шароит дар худи корхона ҳам фароҳам оварда шуд. «Феълан коргоҳ […]

Заррина Эргашева


Коргоҳи поксозии тило (аффинажӣ)-и корхонаи истеҳсоли тилои корхонаи муштараки «Зарафшон» мавриди истифода қарор гирифт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори КМ «Зарафшон» Бобохон Бобохонов хабар дод, қаблан корҳои поксозии тило аз омехтаҳои дигар дар КВД «Востокредмет» анҷом мепазируфт ва акнун аз аввали моҳи март чунин шароит дар худи корхона ҳам фароҳам оварда шуд. «Феълан коргоҳ пурра фаъолият надорад, зеро то ҳанӯз корҳои насб ва омодагӣ ба маросими расмии мавриди истифода қарор додани коргоҳ идома доранд», – иброз дошт вай.

Иқтидори лоиҳавии солонаи коргоҳи поксозӣ то 5 ҳазор кило тилои тоза ва истеҳсоли сиккаҳои тилоии меъёри байнулмилалии дараҷаи 999,9 бо вазни то 12,5 килоро ташкил медиҳад.

Интизорӣ меравад, ки соли равон дар КМ «Зарафшон» 1 ҳазору 650 кило тило истеҳсол хоҳад шуд, ки нисбат ба соли 2012 ба миқдори 100 кило зиёдтар аст.

Қобили зикр аст, ки бо мақсади таҷдиди КМ «Зарафшон» саҳҳоми асосии корхона – ширкати «ZiJin Mining Group Co.Ltd»-и Чин минбаъд низ нияти маблағгузорӣ дошта, дар муддати 6 соли фаъолият ҳаҷми сармоягузорӣ 171 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Ширкати «ZiJin Mining Group Co.Ltd» дорои 75%-и саҳмияҳои корхонаи муштараки «Зарафшон» мебошад.

Захираҳои ашёи хоми КМ «Зарафшон» аз конҳои Таррор, Ҷилав, Хирсхона, Олимпӣ ва як қатор конҳои атрофи кони Ҷилав дар вилояти Суғд дастрас карда мешаванд.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 2,4 ҳазор кило тило истихроҷ шудааст, ки зиёда аз 1,5 ҳазор килои он ба КМ «Зарафшон» рост меояд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.