Суғд: Ҳалокати шаҳрванди Чин бар асари ҳодисаи нохуш

Дата:


Бар асари як ҳодисаи нохуш дар нақби ҶДММ «Ширкати кӯҳкории саноатии Тоҷикистону Чин» як шаҳрванди Чин ба ҳалокат расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, рӯзи душанбеи ҳафтаи равон Чен Жон Жой, шаҳрванди 61-солаи Чин, корманди ҷамъияти «Ширкати кӯҳкории саноатии Тоҷикистону Чин» воқеъ дар шаҳраки Зарнисори Қайроққум ҳангоми кор дар нақб зери девори афтидаи он мондааст.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа ӯ ҷароҳатҳои вазнин бардошта, ҳангми интиқол ба беморхонаи шаҳри Хуҷанд ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, зимни азназаргузаронии ҷасади фавтида аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт нашудаанд.  

Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное