Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарореро ба имзо расонид, ки мувофиқи он раисони ноҳияҳои пойтахт ва раҳбарони ташкилотҳои марбутаи шаҳрӣ ба оғози корҳои омодагӣ дар истироҳатгоҳҳои тобистонаи беруназшаҳрии кӯдакон уҳдадор мешаванд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, мувофиқи супориши мазкур, то 15-уми май истироҳатгоҳҳои кӯдаконаи «Зимчурӯд», «Гулхан», «Шарора» ва «Орзу», ки дар тавозуни идораи маорифи шаҳри Душанбе қарор доранд, бояд барои қабули кӯдакон омода шаванд.
Ба қавли ӯ, лагерҳои мазкур дар ду баст дар маҷмӯъ метавонанд беш аз 1660 нафар толибилмони макотиби таҳсилоти умумӣ ва тарбиятгирандагони интернатҳои пойтахтро ба истироҳат фаро гиранд. «Дар 36 истироҳатгоҳ, ки дар мавсими таътили тобистона дар назди мактабҳои таҳсилоти умумӣ таъсис дода мешаванд, метавонанд наздики 4 ҳазор кӯдакон истироҳат кунанд», – афзуд номбурда.



