Пешбарии номзадҳои ҲХДТ, ҲДТ ва ҲАТ ба курсии вакилӣ

Намояндагони се ҳизби сиёсӣ ва як ғайриҳизбӣ ба ишғоли курсии вакили парлумон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Восеъ номзад пешбарӣ шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз комиссияи интихоботии ҳавзавӣ хабар дод, аз Ҳизби демократи Тоҷикистон рӯзноманигори маъруф Раҷаби Мирзо, аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон раиси ҷамоати Мичурини ноҳияи Восеъ Ибодулло Неъматов ва аз Ҳизби […]

Аваз Юлдошев


Намояндагони се ҳизби сиёсӣ ва як ғайриҳизбӣ ба ишғоли курсии вакили парлумон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Восеъ номзад пешбарӣ шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз комиссияи интихоботии ҳавзавӣ хабар дод, аз Ҳизби демократи Тоҷикистон рӯзноманигори маъруф Раҷаби Мирзо, аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон раиси ҷамоати Мичурини ноҳияи Восеъ Ибодулло Неъматов ва аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон муовини директори Агентии таъмини амволи махсуси назди ҳукумати ҶТ Зайниддин Сафаров номзад пешбарӣ шудаанд.

«Роҳбари шуъбаи ҳифзи иҷтимоии минтақаи Кулоб Ҷӯрабек Қурбонов ҳамчун ғайриҳизбӣ ба таври худпешбарӣ номзад ба курсии вакилӣ пешниҳод шуд», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои сарчашмаи хабар, муҳлати пешбарии номзадҳо аз ҳавзаи интихоботии мазкур ба итмом расида, акнун комиссияи интихоботии ҳавзавӣ пас аз омӯзиши асноди пешниҳодкардаи онҳо ва мувофиқати он ба қонунгузорӣ, онҳоро расман ҳамчун номзад ба вакили парлумон ба қайд мегирад.

Ёдрас мекунем, ки маъракаи интихоботи миёндаврӣ аз ҳавзаи интихоботии ноҳияи Восеъ ба ҷойи намояндаи мардумии ваколатҳояшро пеш аз муҳлат супурда Рустам Латифов санаи 5-уми май доир мегардад. Рустам Латифов бо фармони сарвари давлат раиси ноҳияи Восеъ таъин карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз болоравии нарх истифода барад?

Ҷумҳурӣ ният дорад, ки ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.