Ташрифи ҳайати сершумори тоҷирони бритониёӣ ба Тоҷикистон

Моҳи апрели соли равон намояндагони сершумори доираҳои расмӣ ва кории Британияи Кабир ба Тоҷикистон ташриф меоранд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Робин Ҷереми Орд-Смит хабар дод, ба ҳайат намояндагони ширкатҳои маъруфи бритониёӣ шомиланд, ки ҷиҳати сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон таваҷҷуҳ доранд. «Ба Тоҷикистон намояндагони ширкатҳои зиёде ташриф оварда, имконоти роҳандозии фаъолият […]

Пайрав Чоршанбиев


Моҳи апрели соли равон намояндагони сершумори доираҳои расмӣ ва кории Британияи Кабир ба Тоҷикистон ташриф меоранд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Робин Ҷереми Орд-Смит хабар дод, ба ҳайат намояндагони ширкатҳои маъруфи бритониёӣ шомиланд, ки ҷиҳати сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон таваҷҷуҳ доранд.

«Ба Тоҷикистон намояндагони ширкатҳои зиёде ташриф оварда, имконоти роҳандозии фаъолият дар ҷумҳуриро баррасӣ хоҳанд кард», – иброз дошт вай.

Ба қавли сафир, пас аз ба узвияти Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ пазируфта шудани Тоҷикистон, таваҷҷуҳи ширкатҳои бритониёӣ баҳри сармоягузорӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ афзуд.

«Аксари ширкатҳои мо ба вазъи иқтисод ва шароитҳои роҳандозии фаъолият дар Тоҷикистон бештар мароқ зоҳир намуда, аллакай беш аз 50 ширкатҳо ба сармоягузорӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ доранд. Ғайр аз ин, ширкатҳое, ки дар минтақа фаъолият доранду идораи кориашон дар Маскав аст, низ ба ин масъала ҳавасманданд», – гуфт сафир.

Робин Орд-Смит зикр кард, ки як қатор ширкатҳои бритониёӣ аллакай ба иқтисоди Тоҷикистон ҷалб шудаанд, вале аз шумори дақиқи онҳо ҳарф гуфтан душвор аст, зеро аксари онҳо дар ҳайати ширкатҳои фаромиллӣ фаъолият доранд.

Дар ҳамин ҳол, дипломати бритониёӣ бар ин назар аст, ки иқтисоди Тоҷикистон бо суръати баланд дар ҳоли рушд қарор дошта, сол то сол муҳити сармоягузорӣ рӯ ба беҳбудӣ меоварад ва асноди нави қабулшудаи қонунгузорӣ дар ин самт ба фаъолияти ширкатҳои хориҷӣ шароити мусоид муҳайё сохтаанд.

«Албатта, беҳбуди муҳити сармоягузорӣ дар як сатҳи муайяне ба узвияти кишвар дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ марбут буда, вале ин маънои охири корро надорад, баръакс, корҳои зиёде, аз ҷумла минбаъд низ мутобиқ гардонидани қонунҳо ба меъёрҳои байнулмилалӣ ҷиҳати мусоидат ба беҳбуди фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон дар пешанд», – афзуд сафир.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар семоҳаи аввали соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон ба андозаи 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.