Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ерлан Идрисов бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.
Бино ба маълумоти васоити ахбори умуми Қазоқистон, вазири корҳои хориҷии Қазоқистон рӯзи 28-уми март ба Тоҷикистон меояд.
«Баъди боздиди корӣ аз Ӯзбекистон рӯзи 28-уми март сафари кории вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ерлан Идрисов ба Тоҷикистон дар назар аст», – гуфта мешавад дар хабарҳо.
Ғайр аз ин, зикр мегардад, ки ин сафарҳои нахустини Ерлан Идрисов ба Тошканду Душанбе ба сифати взаири корҳои хориҷии Қазоқистон аст.


