«Равшан» ба Суперҷоми футболи кишвар соҳиб шуданист

Тайи як ҳафта шуд ки дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлоб ба бозӣ барои дарёфти Суперҷоми Тоҷикистон 2013 омодагӣ мегирад. Рақиби дастаи Равшани Кӯлоб, қаҳрамони 7 каратаи Тоҷикистон, барандани Ҷоми Тоҷикистон 2012, «Регар ТадАЗ» мебошад. Бино ба маълумоти сомонаи расмии дастаи «Равшан», ба ҷуз Нуъмон Ҳакимов ки, дар давлати Урдун дар рафти тамрин пояш лат хӯрда буд, […]

ASIA-Plus


Тайи як ҳафта шуд ки дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлоб ба бозӣ барои дарёфти Суперҷоми Тоҷикистон 2013 омодагӣ мегирад. Рақиби дастаи Равшани Кӯлоб, қаҳрамони 7 каратаи Тоҷикистон, барандани Ҷоми Тоҷикистон 2012, «Регар ТадАЗ» мебошад.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии дастаи «Равшан», ба ҷуз Нуъмон Ҳакимов ки, дар давлати Урдун дар рафти тамрин пояш лат хӯрда буд, дигар тамоми бозингарони даста ба бозии навбатӣ омода мебошанд. Кулли бозингарон умедворанд ки дар ин бозӣ ғалаба ба даст хоҳанд овард.

Маъруф Рустамов, мураббии даста зимни суханронӣ қайд кардааст, ки «танҳо барои ғалаба кӯшиш мекунем ва боварӣ дорам, ки дастаи ман ғолиб ва соҳиби Суперҷоми Тоҷикистон-2013 мешавад». Мураббӣ ваъда дод ки, «имсол ҳам бо хости Худованд қаҳрамони Лигаи Олии  Тоҷикистон мешаванд».

Қобили зикр аст, ки дастаи Равшани Кӯлоб дар таърихи худ барои аввалин маротиба дар ин мусобиқа иштирок мекунад. Каблан Суперҷоми Тоҷикистонро 3 маротиба дастаи Истиқлоли Душанбе ба даст овардааст.

Ёдовар мешавем ки, бозии мазкур рӯзи 27-уми март соати 14-00 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб баргузор мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.