Оғози кори конфронс оид ба Технологияҳои озод ва кушодаасос

Имрӯз дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе конфронси дуюми минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба Технологияҳои озод ва кушодаасос ба кор шурӯъ мекунад. Тавре аз ТҶ «Маркази Технологияҳои Информатсионӣ-Коммуникатсионӣ» хабар доданд, конфронсро ташкилоти мазкур таҳти роҳбарии Шӯро оид ба ТИК-и назди президенти Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо як қатор ташкилотҳои ҷамъиятии марбут ба ТИК барои рушди кишвар мегузаронад. […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе конфронси дуюми минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба Технологияҳои озод ва кушодаасос ба кор шурӯъ мекунад.

Тавре аз ТҶ «Маркази Технологияҳои Информатсионӣ-Коммуникатсионӣ» хабар доданд, конфронсро ташкилоти мазкур таҳти роҳбарии Шӯро оид ба ТИК-и назди президенти Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо як қатор ташкилотҳои ҷамъиятии марбут ба ТИК барои рушди кишвар мегузаронад. Чорабинии мазкур бо дастгирии молиявии Барномаи Иттилоотии  Шӯъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода»” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мегузарад.

Ҳадафи Конфронс – мусоидат дар рушди платформаи кушода, шаффоф ва аз нигоҳи технологӣ созгорпазири тадбирҳои ТИК тавассути пешбурди стандартҳо, технология ва чораҳои литсензионии кушодаасос мебошад.

Конфронси технологияҳои озод ва кушодаасос – ин силсилаи чорабиниҳое мебошад, ки ба татбиқи Нармафзорҳои озод ва кушодаасос (НОКА), махзанҳо, системаҳо ва дигар маводи донишбунёди рақамии кушода барои рушд бахшида шудаанд. Дар ин рӯзҳо дар баробари Конфронси минтақавӣ, инчунин ташкили силсилаи мастер-класс ва презентатсияҳо аз ҷониби коршиносони ватанию байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар кори Конфронс мутахассисони соҳаи Технологияҳои озод ва кушодаасос аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон ва Покистон иштирок доранд.

Мастер-класс ва презентатсияҳо ҷиҳати татбиқи технологияҳои кушодаасос дар ҳалли мушкилиҳои иҷтимоию иқтисодӣ дирӯз, 26-уми март баргузор шуданд.

Дар конфронс пажӯҳишҳои илмӣ, гузоришҳо доир ба лоиҳаҳои НОКА-меҳвар, дастуру китобҳои дарсӣ аз ҷониби коршиносони ватаниву хориҷӣ муаррифӣ ва баррасӣ мегарданд. Кори чорабинӣ дар ҷаласаи умумӣ ва се ҷаласаи мавзуӣ роҳандозӣ мешавад.

Дар ташкил ва гузаронидани Форум ҶСП «ТТ-Мобайл», Алянси миллии ТИК дар Афғонистон, ҶММ «Промоушн», Фонди Ҷамъиятии «Интернет», Академия «ТИК барои рушд», Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернет, Фонди Ҷамъиятии «Ташаббуси Шаҳрвандии Сиёсати Интернет» (ФҶ ТШСИ) ҳамчун шарикон иштирок мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.