Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону БСА дар Люксембург

Чанде қабл дар шаҳри Люксембург вохӯрии намояндаи доимии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо сафир Рустамҷон Солиев бо ноиби президенти Бонки сармоягузории Аврупо Вилҳелм Молтерер барпо шуд. Бино ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Белгия, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Бонки сармоягузории Аврупо, аз ҷумла сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистонро баррасӣ намуданд. Ноиби президенти Бонк […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар шаҳри Люксембург вохӯрии намояндаи доимии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо сафир Рустамҷон Солиев бо ноиби президенти Бонки сармоягузории Аврупо Вилҳелм Молтерер барпо шуд.

Бино ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Белгия, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Бонки сармоягузории Аврупо, аз ҷумла сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

Ноиби президенти Бонк иброз дошт, ки Бонки сармоягузории Аврупо ба Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои имконоти бузурги иқтисодӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мекунад ва омодааст бо он ҳамкориҳои мутақобилан судмандро густариш диҳад.

Сафир иттилоъ дод, ки Тоҷикистон ба сармоягузории Бонк ба соҳаҳои авлавиятноки иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла энергетика, саноати маъдани кӯҳӣ, инфрасохтори коммуникатсионию нақлиётӣ ва ғайра манфиатдор аст.

Ҷонибҳо ҳамчунин ба тавсеаи пойгоҳи шартномавию ҳуқуқии ҳамкории тарафайн диққати махсус зоҳир намуданд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.