Эҳтимоли манъи никоҳи хешутаборӣ дар Тоҷикистон

spot_imgspot_img

Дата:


Ба Кодекси оилаи Тоҷикистон тағйироту иловаҳо дар бораи манъи издивоҷ миёни хешутаборони наздик пешниҳод шуданд.

Дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» муаллифи ин тағйироту иловаҳо, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Саодат Амиршоева дар ин робита изҳор намуд, ки тағироту иловаҳои мазкур пеш аз ҳама ба ҳифзи генофонди миллат, солимии насли навраси ояндаи кишвар нигаронида шудаанд. «Охир ҳамагон воқифанд, ки аз оилаҳои миёни хешовандони наздик барпошуда кӯдакони маъюбу носолим ба дунё меоянд», – иброз дошт вай.

«Тақдири афгори кӯдакони нокомили аз никоҳи миёни хешовандон тавлидшуда маро водор намуд, ки ворид намудани ин тағйироту илова ба Кодески оилаи ҶТ-ро пешниҳод намоям», – таъкид дошт вакили парлумон.

Ба қавли вакил, тағйироту иловаҳои аз ҷониби ӯ пешниҳодшуда дар ҷаласаи Шӯрои МН МО ҶТ баррасӣ гардида, қарор шуд, ки аз ҳисоби вакилони парлумон, олимон ва мутахассисони Вазорати тандурустӣ оид ба омӯзиши масъалаи мазкур як гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад.

«Гурӯҳи кории мазкур бояд дар муддати ду моҳ ин масъаларо ҳамаҷониба мавриди омӯзиш қарор дода, оид ба он хулосаҳои худро пешниҳод намояд», – изҳор кард Амиршоева.

Номбурда изҳори итминон кард, ки тағйироту иловаҳои пешниҳодкардаи ӯ мавриди дастгирии ҳукумат ва палатаҳои парлумон қарор хоҳанд гирифт.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...