Таҷлили ҷашни Наврӯз дар Челябинск

Бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии   вилояти Челябински Русия Маркази фарҳангию миллии точикон «Сомониён» дар Хонаи Дӯстии миллатҳои   шаҳри Челябинск ба муносибати ҷашни байналмиллалии  Наврӯзи хуҷастапай чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид. Тавре аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия хабар доданд, дар қисмати расмии чорабинӣ  иштирокдоронро муовини губернатори вилояти Челябинск Игор Мурог, муовини вазири фарҳанги вилоят  Наталия […]

ASIA-Plus


Бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии   вилояти Челябински Русия Маркази фарҳангию миллии точикон «Сомониён» дар Хонаи Дӯстии миллатҳои   шаҳри Челябинск ба муносибати ҷашни байналмиллалии  Наврӯзи хуҷастапай чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид.

Тавре аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия хабар доданд, дар қисмати расмии чорабинӣ  иштирокдоронро муовини губернатори вилояти Челябинск Игор Мурог, муовини вазири фарҳанги вилоят  Наталия Диская, корманди Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҲҶТ дар ФР Шоҳназар Таваров, консули фахрии Тоҷикистон Парвиз Асоев ва роҳбарони диаспораҳои муқими вилоят  табрик намуда, баргузории  ҷашни Наврӯзро дар самти таҳкими дӯстии халқҳо ва равобити фарҳангии миёни қавму миллатҳо муҳим арзёбӣ карданд.

Таъкид шуд, ки  Наврӯз ҷашнест, ки ҷавҳари онро ҳаёту покӣ, муҳаббату садоқат, ваҳдату бахшояндагӣ ва некиву равшанӣ ташкил дода, суннатҳои наврӯзӣ ифодагари ҳамоҳангии байни инсон, табиат ва кайҳон маҳсуб мешаванд. Дар масири таърихи инсоният ва муборизаҳои тезутунди геополитикиву фарҳангӣ фақат арзишҳое қобилияти зиндамонӣ доранд, ки воқеан дорои ҷавҳари аслӣ буда, ваҳдати инсоният ва муҳити атрофро таъмин карда тавонанд.

Дар чорабинӣ ҳамчунин намоиши дастовардҳои санъати мардумӣ, асбобҳои халқии    тоҷикон, қирғизҳо, тоторҳо, бошқирҳо, озарҳо ӯзбекҳо ва дигар қавму миллатҳои маскуни вилоят баргузор шуд. Барномаи ҷолиби консертӣ бо иштироки дастаҳои ҳунарӣ ба ҳусни ҷашнвора шукӯҳи тоза бахшид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.