ҲХДТ тӯйи хатнасури 40 кӯдакро сарпарастӣ кард

Бо ташаббус ва сарпарастии бахши Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ туйи суннатии 40 нафар фарзандони оилаҳои камбизоати ҷамоати деҳоти Чимтеппа ва шаҳраки Сомониёни ин ноҳия баргузор гардид. Бино ба маълумоти сомонаи расмии ҳизб, дар чорабинии мазкур дар баробари оилаҳои тӯйдошта, инчунин сокинони ҷамоати мазкур иштирок намуда, баҳри хотирмон гузаштани тӯй санъаткорони номӣ ҷалб […]

ASIA-Plus


Бо ташаббус ва сарпарастии бахши Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ туйи суннатии 40 нафар фарзандони оилаҳои камбизоати ҷамоати деҳоти Чимтеппа ва шаҳраки Сомониёни ин ноҳия баргузор гардид.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ҳизб, дар чорабинии мазкур дар баробари оилаҳои тӯйдошта, инчунин сокинони ҷамоати мазкур иштирок намуда, баҳри хотирмон гузаштани тӯй санъаткорони номӣ ҷалб карда шуданд.

«Ба кӯдакон аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия Хайрулло Сӯфиев тӯҳфаҳо супорида шуд», – баён мегардад дар иттилоъ.

Зимнан зикр мегардад, ки инчунин аъзои ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ дар баргузории мусобиқаи гӯштингирии ноҳия, ки бахшида ба Наврӯзи оламафрӯз баргузор гардид, саҳми назаррас гузоштаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.