Айни замон намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байнулмилалии муқими Тоҷикистон зери изҳорот ба унвони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба қазияи бедарак шудани духтарони хурдсоли 6 ва 4-сола дар пойтахт имзо ҷамъоварӣ мекунанд.
Муаллифони изҳорот аз президенти мамлакат дархост мекунанд, ки ҳодисаҳои бедаракшавии кӯдакони ноболиғро таҳти назорат гирад, зеро ба андешаи онҳо, ин ҳодисаи бе ному нишон гум шудани кӯдакон дар Тоҷикистон ягона нест.
«Танҳо дар моҳи марти соли равон даҳҳо ба ин монанд ҳодисаҳо ба қайд гирифта шуда, дар сомонаи расмии ВКД ҶТ иттилоъ дода мешавад, ки нимаи дуюми моҳи март 10 адад чунин аризаи бедаракшавии кӯдакон аз падару модарон ворид шудааст, вале мутаассифона, аз натиҷаи ҷустуҷӯ ва тақдири минбаъдаи онҳо маълумоте вуҷуд надорад», – баён мегардад дар изҳорот.
Дар муроҷиатнома таъкид мешавад, ки ҳодисаи ахири
бо хоҳарон Араловҳо рухдода
ба хубӣ нишон дод, ки дар Тоҷикистон сафи одамони бетараф кам нест ва онҳо ихтиёрӣ ба ҳама гуна кӯмак омодаанд, вале ин таҷриба ҳамчунин возеҳ намуд, ки мақомот тарзҳои дақиқи ҳамкорӣ бо ин гуна гурӯҳи афродро надоранд ва алҳол бо онҳо ягон корҳои фаҳмондадиҳӣ нагузаронидаанд.
«Бешубҳа, аз кӯмаки афроди ихтиёрӣ мебояд истифода намуд, вале мақомот бояд ба он мусоидат кунад, ки амалҳои ихтиёриён бо онҳо мувофиқа шуда, ба ҷараёни тафтишот халал ворид насозанд ва ҳамчунин амнияти худи ихтиёриёнро низ таъмин созанд», – таъкид мегардад дар изҳорот.
Дар изҳорот аз президент дархост карда мешавад, ки таваҷҷуҳи мақомоти раҳбарии ВКД-ро ба таҳияву коркарди механизмҳои ҳамкорӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва афроди ихтиёрӣ дар мавриди ҷустуҷӯи кӯдакони бедаракшуда ҷалб созад.



