Даъвати таҳти назорати президент қарор додани ҳодисаҳои гумшавии кӯдакон

Айни замон намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байнулмилалии муқими Тоҷикистон зери изҳорот ба унвони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба қазияи бедарак шудани духтарони хурдсоли 6 ва 4-сола дар пойтахт  имзо ҷамъоварӣ мекунанд. Муаллифони изҳорот аз президенти мамлакат дархост мекунанд, ки ҳодисаҳои бедаракшавии кӯдакони ноболиғро таҳти назорат гирад, зеро ба андешаи онҳо, ин ҳодисаи […]

ASIA-Plus


Айни замон намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байнулмилалии муқими Тоҷикистон зери изҳорот ба унвони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба қазияи бедарак шудани духтарони хурдсоли 6 ва 4-сола дар пойтахт  имзо ҷамъоварӣ мекунанд.

Муаллифони изҳорот аз президенти мамлакат дархост мекунанд, ки ҳодисаҳои бедаракшавии кӯдакони ноболиғро таҳти назорат гирад, зеро ба андешаи онҳо, ин ҳодисаи бе ному нишон гум шудани кӯдакон дар Тоҷикистон ягона нест.

«Танҳо дар моҳи марти соли равон даҳҳо ба ин монанд ҳодисаҳо ба қайд гирифта шуда, дар сомонаи расмии ВКД ҶТ иттилоъ дода мешавад, ки нимаи дуюми моҳи март 10 адад чунин аризаи бедаракшавии кӯдакон аз падару модарон ворид шудааст, вале мутаассифона, аз натиҷаи ҷустуҷӯ ва тақдири минбаъдаи онҳо маълумоте вуҷуд надорад», – баён мегардад дар изҳорот.

Дар муроҷиатнома таъкид мешавад, ки ҳодисаи ахири

бо хоҳарон Араловҳо рухдода

ба хубӣ нишон дод, ки дар Тоҷикистон сафи одамони бетараф кам нест ва онҳо ихтиёрӣ ба ҳама гуна кӯмак омодаанд, вале ин таҷриба ҳамчунин возеҳ намуд, ки мақомот тарзҳои дақиқи ҳамкорӣ бо ин гуна гурӯҳи афродро надоранд ва алҳол бо онҳо ягон корҳои фаҳмондадиҳӣ нагузаронидаанд.

«Бешубҳа, аз кӯмаки афроди ихтиёрӣ мебояд истифода намуд, вале мақомот бояд ба он мусоидат кунад, ки амалҳои ихтиёриён бо онҳо мувофиқа шуда, ба ҷараёни тафтишот халал ворид насозанд ва ҳамчунин амнияти худи ихтиёриёнро низ таъмин созанд», – таъкид мегардад дар изҳорот.

Дар изҳорот аз президент дархост карда мешавад, ки таваҷҷуҳи мақомоти раҳбарии ВКД-ро ба таҳияву коркарди механизмҳои ҳамкорӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва афроди ихтиёрӣ дар мавриди ҷустуҷӯи кӯдакони бедаракшуда ҷалб созад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.