Баррасии ҷараёни ташхиси лоиҳаи Роғун дар вохӯрии президент бо намояндаи БҶ

Имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ноиби калони президенти Бонки ҷаҳонӣ Каушик Басуро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва ташхиси техникию иқтисодӣ ва иҷтимоию экологии лоиҳаи бунёди нерӯгоҳи Роғун баррасӣ шуд. Аз ҷараёни рушди кунунии иқтисодиёти Тоҷикистон изҳори қаноат карда шуд, зеро тавре […]

ASIA-Plus


Имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ноиби калони президенти Бонки ҷаҳонӣ Каушик Басуро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва ташхиси техникию иқтисодӣ ва иҷтимоию экологии лоиҳаи бунёди нерӯгоҳи Роғун баррасӣ шуд.

Аз ҷараёни рушди кунунии иқтисодиёти Тоҷикистон изҳори қаноат карда шуд, зеро тавре зикр гардид, афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ду моҳи соли 2013 7,2% ва таваррум 1,1 фоизро ташкил додааст.

Ёдоварӣ шуд, ки дар тӯли солҳои шарикӣ Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бештар аз 690 миллион доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кумаки техникӣ пешниҳод намудааст ва ҳоло лоиҳаҳои зиёди дигар бо харҷи 236 миллион доллар маблағҳои ҷудонамудаи ин бонк татбиқ мешаванд.

Доир ба татбиқи босамари Стратегияи миёнамӯҳлати Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум барои солҳои 2013-2015, аз ҷумла тавассути нигоҳ доштани ҷойҳои мавҷудаи корӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва пешгирӣ аз таъсири манфии буҳрони ҷаҳонии иқтисодию молиявӣ, гуфтугӯи судбахш сурат гирифт.

Ҳамчунин доир ба дигар ҷанбаҳои равобити Тоҷикистону Бонки Ҷаҳонӣ, аз ҷумла роҳҳои мусоидат ба рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ табодули назар карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.