Ҳамрохон Зарифӣ ба Тошканд намеравад

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ, ки пагоҳ дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд доир мегардад, иштирок намекунад. Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, Тоҷикистонро дар ҷаласаи Шӯрои мазкур муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров намояндагӣ мекунад. Қобили зикр аст, […]

Пайрав Чоршанбиев


Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ, ки пагоҳ дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд доир мегардад, иштирок намекунад.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, Тоҷикистонро дар ҷаласаи Шӯрои мазкур муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров намояндагӣ мекунад.

Қобили зикр аст, ки ахири моҳи март вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов низ барои иштирок дар ҳамоиши вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи ҳамкории Осиё ба Душанбе ташриф наоварда, дар ин чорабинӣ кишвари ҳамсояро сафири Ӯзбекистон дар ҶТ Шоқосим Шоисломов намояндагӣ карда буд.

Бино ба маълумоти департаменти иттилоотиву таҳлилии Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласаи мазкур баррасии 10 лоиҳаи аснод оид ба густариши ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар бахшҳои гуманитариву таъмини амният ва дигар самтҳо дар назар аст. Лоиҳаҳои асноди мазкур ба баррасии Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ пешниҳод хоҳанд шуд.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа оид ба масъалаҳои муҳими сиёсати байнулмилалӣ табодули афокр сурат гирифта, як қатор ҷанбаҳои ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷӣ ва қабули Нақшаи машваратҳои бисёрсатҳаи вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар доираи ИДМ барои соли 2013 баррасӣ мешаванд.

Ҷаласаи минбаъдаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ моҳи октябри соли ҷорӣ дар пойтахти Белорус – шаҳри Минск доир мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.