Медалҳои тилои донишҷӯёни тоҷик дар Интернет-олимпиада

Дар даври инфиродии Интернет-олимпиадаи дуюми кушоди байнулмилалии донишҷӯён барои солҳои 2012-2013, ки аз 22 март то 27 март баргузор шуд, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 5 медали тило ба даст оварданд. Тавре аз донишгоҳи мазкур хабар доданд, олимпиада дар шакли санҷиши компютерии on-line дар макотиби олии заминавӣ гузаронида шуд. «Намояндагони […]

Маҳпора Киромова


Дар даври инфиродии Интернет-олимпиадаи дуюми кушоди байнулмилалии донишҷӯён барои солҳои 2012-2013, ки аз 22 март то 27 март баргузор шуд, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 5 медали тило ба даст оварданд.

Тавре аз донишгоҳи мазкур хабар доданд, олимпиада дар шакли санҷиши компютерии on-line дар макотиби олии заминавӣ гузаронида шуд. «Намояндагони ДДТТ аз рӯи фанни «Кимиё» миёни донишҷӯёни солҳои 1-3-юм ширкат варзида, дар байни 41 нафар иштирокчиён аз рӯи соҳаи «Кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал» Шаҳбоз Зулфалиев бо 88 имтиёз, Шаҳбоз Яқуббоев бо 65 имтиёз, Меҳриёр Комилов бо 59 имтиёз, Дилафрӯз Саидалиева бо 56 имтиёз ва Раҳимҷон Абдуллоев бо 50 имтиёз ба медали тило сазовор донита шуданд», – гуфтанд дар ДДТТ.

Дар олимпиадаи мазкур аз рӯи тамоми фанҳо аз 152 мактаби олӣ ё филиалҳои онҳо дар Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон 1308 нафар донишҷӯён ширкат варзиданд.

Даври дуюми интернет-олимпиада дар 33 адад макотиби олии заминавӣ доир гардида, дар Тоҷикистон ба сифати мактаби олии заминавӣ филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов дар шаҳри Душанбе интихоб шуд.

Гуфта мешавад, дар рейтинги кишварҳои ИДМ, ки сарфи назар аз соҳа, тамоми макотиби олии минтақа мансубанд, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба сафи 20-гонаи беҳтарини макотиби олӣ шомил аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.