Имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба вуқӯъ пайваст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази обуҳавошиносии шаҳри Душанбе хабар доданд, заминларза имрӯз соати 11-у 31 дақиқаи вақти маҳаллӣ рух дода, маркази он дар 300 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, дар қаламрави Афғонистон воқеъ буд.
Ба иттилои манбаъ, қувваи заминларза дар маркази он 5-6 балл, дар шаҳри Хоруғ 2 балл ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод. Талафоти ҷонӣ ва харобиҳо ба қайд гирифта нашуданд.





