Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Украина

Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 4-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Украина таҳти раёсати вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода ва вазири рушди минтақавӣ, сохтмон ва хоҷагии манзилӣ-коммуналии Украина Геннадий Темник баргузор гардид. Бино ба иттилои департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҷаласа ҳамчунин намояндагони вазорату идораҳо ва соҳибкорони […]

ASIA-Plus


Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 4-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Украина таҳти раёсати вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода ва вазири рушди минтақавӣ, сохтмон ва хоҷагии манзилӣ-коммуналии Украина Геннадий Темник баргузор гардид.

Бино ба иттилои департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҷаласа ҳамчунин намояндагони вазорату идораҳо ва соҳибкорони ду кишвар ширкат варзиданд.

Иштирокчиёни ҷаласа як қатор масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро, аз ҷумла, дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, алоқа, маориф, илм, фарҳанг, тавсеаи заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳо мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба ҳаллу фасли онҳо тавсияҳо қабул намуданд.

Ҷонибҳо зикр карданд, ки ҷаласаҳои Комиссия василаи муҳими муайянсози самтҳои авлавиятноки ҳамкориҳои дуҷониба мебошанд ва ибрози боварӣ доштанд, ки натиҷаҳои гуфтушунидҳо барои рушди муносибатҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Украина самараи амалӣ хоҳанд дошт.

Оид ба натиҷаҳои мулоқот Протоколи ҷаласаи 4-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Украина ба имзо расид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.