Милиса аризаи А.Раҳмоновро баргардонид


Шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт тамоми ҳолатҳои зикршуда дар аризаи ректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов нисбати хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Марҳабои Ҳокимро баррасӣ намуда, ба хулоса расид, ки дар амалҳои рӯзноманигор қонуншиканӣ ҷой надорад.

Ба гуфтаи ҳуқуқшиноси ҳафтавори «Азия-Плюс» Шуҳрат Қудратов, муфаттишон ба ӯ хабар додаанд, ки зимни санҷиш дар амалҳои рӯзноманигор ҳеҷ қонуншикание ошкор нашудааст ва аз ин рӯ, онҳо аризаро бозпас ба ректор баргардонидаанд. Нисбати хабарнигор минбаъд дигар санҷишҳо гузаронида намешаванд.

Ёдрас мекунем, ки субҳи 1-уми апрели соли равон ректори ДДОТ Абдуҷаббор Раҳмонов ба ШКД ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ариза пешниҳод намуда, аз кормандони милиса дархост кард, ки нисбати хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» М.Ҳоким «барои амалҳои нодуруст ва ғайриқонунии журналист» чора андешанд.

Чанде қабл аз шуъбаи милисаи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт хабар дода буданд, ки баррасии аризаи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (ДДОТ) Абдуҷаббор Раҳмонов нисбати хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Марҳабои Ҳоким

идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное