Милиса аризаи А.Раҳмоновро баргардонид

Шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт тамоми ҳолатҳои зикршуда дар аризаи ректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов нисбати хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Марҳабои Ҳокимро баррасӣ намуда, ба хулоса расид, ки дар амалҳои рӯзноманигор қонуншиканӣ ҷой надорад. Ба гуфтаи ҳуқуқшиноси ҳафтавори «Азия-Плюс» Шуҳрат Қудратов, муфаттишон ба ӯ хабар додаанд, ки зимни санҷиш дар амалҳои рӯзноманигор […]

ASIA-Plus


Шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт тамоми ҳолатҳои зикршуда дар аризаи ректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов нисбати хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Марҳабои Ҳокимро баррасӣ намуда, ба хулоса расид, ки дар амалҳои рӯзноманигор қонуншиканӣ ҷой надорад.

Ба гуфтаи ҳуқуқшиноси ҳафтавори «Азия-Плюс» Шуҳрат Қудратов, муфаттишон ба ӯ хабар додаанд, ки зимни санҷиш дар амалҳои рӯзноманигор ҳеҷ қонуншикание ошкор нашудааст ва аз ин рӯ, онҳо аризаро бозпас ба ректор баргардонидаанд. Нисбати хабарнигор минбаъд дигар санҷишҳо гузаронида намешаванд.

Ёдрас мекунем, ки субҳи 1-уми апрели соли равон ректори ДДОТ Абдуҷаббор Раҳмонов ба ШКД ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ариза пешниҳод намуда, аз кормандони милиса дархост кард, ки нисбати хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» М.Ҳоким «барои амалҳои нодуруст ва ғайриқонунии журналист» чора андешанд.

Чанде қабл аз шуъбаи милисаи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт хабар дода буданд, ки баррасии аризаи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (ДДОТ) Абдуҷаббор Раҳмонов нисбати хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Марҳабои Ҳоким

идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.