Абдуллоҷоновро аз тавқифгоҳи Киев озод карданд

Собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов, ки нисбаташ қаблан суд ҳабси истирдодиро мавриди амал қарор дода буд, аз тавқифгоҳи муваққатии шаҳри Киев озод карда шуд. Дар ин бора «Интерфакс» бо истинод ба мақомоти прокуратураи вилояти Киев хабар медиҳад. Дар ҳамин ҳол, дар прокуратура бобати бо кадом асос озод шудани Абдуллоҷонов иттилоъ надодаанд. Пештар васоити ахбори умуми […]

ASIA-Plus


Собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов, ки нисбаташ қаблан суд ҳабси истирдодиро мавриди амал қарор дода буд, аз тавқифгоҳи муваққатии шаҳри Киев озод карда шуд. Дар ин бора «Интерфакс» бо истинод ба мақомоти прокуратураи вилояти Киев хабар медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, дар прокуратура бобати бо кадом асос озод шудани Абдуллоҷонов иттилоъ надодаанд.

Пештар васоити ахбори умуми Украина хабар дода буданд, ки дархости Тоҷикистон дар бораи истирдоди Абдуллоҷонов қонеъ нахоҳад шуд, зеро зимни санҷиши истирдодӣ муайян карда шудааст, ки Абдуллоҷонов дарвоқеъ ҳам ба мақоми паноҳандаи сиёсӣ дар ИМА соҳиб мебошад.

Ба Абдуллоҷонов соли 1999 дар ИМА мақоми паноҳандаи сиёсӣ доданд. Маҳз бо назардошти ин ҳолат, санаи 28-уми феврал Намояндагии минтақавии Раёсати Комиссари олии СММ оид ба умури гурезагон дар Белорус, Молдова ва Украина аз ҳукуматдорони Украина дархост намуд, ки истирдоди Абдуллоҷонв ба Тоҷикистонро рад созанд.

«Украина муқаррароти Конвенсия дар бораи мақоми гурезагонро риоя мекунад, аз ин рӯ, агар мо ӯро истирдод мекардем, бо ин амал ба нақзи меъёрҳои ин санад, аз ҷумла моддаи 33-и он роҳ медодем. Бинобар он, мо ӯро ба марзҳои Тоҷикистон намефиристем», – менависад «КоммерсантЪ» бо такя ба як манбаъ.

Даҳаи дуюми моҳи марти соли ҷорӣ суди ноҳияи Шевченкои шаҳри Киев нисбати собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов

чораи ҳабси истирдодиро

мавриди амал қарор дод.

Акнун пас аз анҷоми санҷиши истирдодӣ дигар дар Украина ба Абдуллоҷонов таъқиб таҳдид намекунад.

Зимни конфронси матбуотии рӯзи 28-уми март роҳбари Дастгоҳи кории Дафтари Интерпол (Созмони байнулмилалии пулиси ҷиноӣ) дар Украина Василий Неволя изҳор карда буд, ки собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов

бо асосҳои қонунӣ боздошт шудааст.

Собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов рӯзи 5-уми феврали соли равон дар фурудгоҳи байнулмилалии «Бориспол»-и шаҳри Киев бо дархости ҳукуматдорони Тоҷикистон боздошт шуд. Рӯзи 7-уми феврал суд оид ба ҳабси муваққатии Абдуллоҷонов ба муҳлати 40 рӯз қарор қабул кард, ки дар ин муддат ҳукуматдорони Тоҷикистон мебоист ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҷиҳати асоснок будани истирдоди ӯ ба Тоҷикистонро пешниҳод мекарданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.