Рақобати чаҳор номзад дар интихоботи миёндаврии парлумонӣ

Ҳамаи чаҳор нафар номзадҳо ба вакили МН МО ҶТ барои иштирок дар интихоботи миёндаврӣ аз ҳавзаи №39-и Восеъ иҷозаи расмӣ гирифтанд. Тавре аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ хабар доданд, чанде қабл чор нафар номзадҳо расман сабтином шуда, ба онҳо шаҳодатномаҳои дахлдор супурда шудааст. Қобили зикр аст, ки аз ҳавзаи интихоботии мазкур аз Ҳизби […]

Аваз Юлдошев


Ҳамаи чаҳор нафар номзадҳо ба вакили МН МО ҶТ барои иштирок дар интихоботи миёндаврӣ аз ҳавзаи №39-и Восеъ иҷозаи расмӣ гирифтанд.

Тавре аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ хабар доданд, чанде қабл чор нафар номзадҳо расман сабтином шуда, ба онҳо шаҳодатномаҳои дахлдор супурда шудааст.

Қобили зикр аст, ки аз ҳавзаи интихоботии мазкур аз Ҳизби аграрӣ Зайниддин Сафаров, аз Ҳизби халқии демократӣ Неъматулло Ибодуллоев ва тариқи худпешбарӣ рӯзноманигор Раҷаби Мирзо ва Ҷӯрахон Қурбонов номзадии номзадии худро пешбарӣ намуданд.

Ёдрас мекунем, ки маъракаи интихоботи миёндаврӣ аз ҳавзаи интихоботии ноҳияи Восеъ ба ҷойи намояндаи мардумии ваколатҳояшро пеш аз муҳлат супурда Рустам Латифов санаи 5-уми май доир мегардад. Рустам Латифов бо фармони сарвари давлат раиси ноҳияи Восеъ таъин карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.