Пешгирии ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон имконпазир буд

Дар Бунёди ҷамъиятии «Муколамаи тамаддунҳо» дар шаҳри Душанбе бахшида ба низоъи байни тоҷикон дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта вохӯрии навбатӣ доир гардид. Дар ин чорабинӣ олимони маъруф, арбобони ҷамъиятӣ, раисони аҳзоби сиёсӣ, рӯзноманигорон ва кормандони намояндагиҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ширкат варзиданд. Ин дафъа раиси Шӯрои олии ҶТ дар давраи моҳҳои август-ноябри соли 1992, феълан […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар Бунёди ҷамъиятии «Муколамаи тамаддунҳо» дар шаҳри Душанбе бахшида ба низоъи байни тоҷикон дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта вохӯрии навбатӣ доир гардид.

Дар ин чорабинӣ олимони маъруф, арбобони ҷамъиятӣ, раисони аҳзоби сиёсӣ, рӯзноманигорон ва кормандони намояндагиҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Ин дафъа раиси Шӯрои олии ҶТ дар давраи моҳҳои август-ноябри соли 1992, феълан сафир оид ба умури махсуси ВКХ ҶТ Акбаршо Искандаров дар бораи хотираҳояш тӯли ин солҳо ибрози андеша кард.

Ӯ зикр кард, ки то ҳанӯз аксаран бар ин назаранд, ки ҷанги бародаркушӣ дар Тоҷикистон маҳз ба туфайли беамалии ӯ сар задаст, вале «мо тамоми имконоти аз дастамон меомадаро истифода бурда, ғайр аз ин ба рух додани он рӯйдодҳо сабабҳои воқеиву субъективӣ низ боис шуда буданд».

Сатҳи пасти фарҳанги сиёсии мардум дар он замон, беамалӣ ва аз имконоти зарурӣ бархӯрдор набудани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ба гурӯҳҳои тақсим шудани онҳоро Искандаров аз ҷумлаи сабабҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон унвон кард.

«Мо кӯшиши зиёд кардем, ки дивизияи 201-уми низомӣ ба тобеъияти Тоҷикистон гузарад ва ба мероси шӯравӣ ҳуқуқ доштани кишварро иброз кардем. Дар ин хусус гуфтушунидҳои зиёде анҷом дода шуда, зимни мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Алмаато сарвари давлати Ӯзбекистон изҳор намуд, ки онҳо намехоҳанд дивизияи 201-ум ба дасти исломгароён гузарад. Баҳс муддати тӯлонӣ идома ёфта, нахуст моро президенти Қирғизистон Аскар Акаев ва сипас президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дастгирӣ намуданд ва гӯё ҳама розӣ шуданд, вале минбаъд дивизия ба тобеияти мо нагузашт», – иброз дошт вай.

Номбурда таъкид дошт, ки ҳамчунин аксари мардум имрӯз гумон доранд, ки даргириҳои мазкур ба хотири бунёди давлати исломӣ сурат гирифта бошанд, вале «ҷанг танҳо ба хотири соҳиб шудан ба курсиҳо буд ва ахиран мо ин курсиҳоро ба онҳо додем, то ки дар ниҳояти кор хотирҷамъ шаванд».

Ба гуфтаи Искандаров дар сар задани ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон чанде аз кишварҳо низ даст доштанд. «Ман шахсан шоҳиди он будам, ки аз дивизияи 201-ум ба эътирозгарони майдони «Озодӣ» як автомашина аслиҳа оварда шуд. Мо ин мошинро боздошта, ба мақомоти раҳбарии дивизия баргардонидем, вале баъдтар маълум шуд, ки пас аз се соат ин автомашина боз ба майдон оварда шудааст», – зикр кард номбурда.

Искандаров ҳамчунин зикр кард, ки дар сурати на аз қаламрави шаҳри ӯзбекии Термез, балки тариқи қаламрави Тоҷикистон ворид шудани роҳбарияти нави дар иҷлосияи 16-уми шаҳри Хуҷанд интихобшуда, пешгирии ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон имконпазир буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.