Ба аввали моҳи марти соли равон бақияи умумии қарзҳо дар ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,4 фоиз зиёд шуда, қариб 5,7 млрд. сомониро ташкил намуд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, аз ин маблағ 2,3 млрд. сомонӣ қарзҳо бо пули миллӣ ва 3,3 млрд. сомонӣ бо асъори хориҷӣ дода шудаанд. Дар маҷмуъ дар таркиби он 60,9 фоизро қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 39,1 фоизро қарзҳои дарозмуддат ташкил намуданд, ки афзоиши устувори ҳиссаи қарзҳои дарозмуҳлатро инъикос мекунад.
Ба иттилои манбаъ, фоизи миёнавазни қарзҳо дар моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ бо пули миллӣ ба 25,45 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 24,93 фоизи солона баробар шуд.
Гуфта мешавад, бинобар зиёд гардидани талабот ба қарзҳои хурд пешниҳоди онҳо дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ дучанд афзоиш ёфта, назар ба ҳамин санаи соли қаблӣ 54,7 фоизро зиёд шуд. Ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон бошад, дар ин давра 135,4 млн. сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49,3 фоиз зиёд мебошад.



