ХБА нақшаи нави ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро баррасӣ дорад


Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор Ҷонатан Даннро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба доир ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Тавре зикр гардид, ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, вобаста ба имконият ва шароити дохилию минтақавӣ ва ҳамчунин бо назардошти тавсияҳои Хазинаи байналмилалии асъор дар рафти татбиқ қарор дорад.

Бештар ба масоили омодасозии нақшаи нави ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор барои се соли оянда мароқ зоҳир карда шуд.

Ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба идома ва таҳкими ҳамкории судбахш таъкид доштанд.

Ёдрас мекунем, ки

моҳи ноябри соли гузашта

зимни мулоқот бо журналистон роҳбари гурӯҳи Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) дар Тоҷикистон Ҷонатан Данн изҳор кард, ки Тоҷикистону ХБА ба гуфтушунид оид ба роҳандозии барномаи нави дастгирии ҷумҳурӣ идома мебахшанд.

«Мо ба пешравии қобили таваҷҷуҳ дар ин самт ноил гардида, оид ба идомаи пешниҳоди машваратҳоиХБА зимни амалисозии барнома мувофиқа ҳосил шуд, вале мо иловатан бояд боз баъзе паҳлӯҳои масъаларо баррасӣ созем», – гуфт ӯ ва илова намуд, ки «дигар дар ин хусус чизи мушаххасе гуфта наметавонад».

Зимни боздид аз Душанбе директори Департаменти ХБА оид ба кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ Масъуд Аҳмад изҳор карда буд, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо дархости баррасии имкони қабули барномаи нави дастгирии ҷумҳурӣ ба Хазинаи байнулмилалии асъор муроҷиат намудааст.

«Умедворам, ки моҳҳои наздик дар бораи қабули барномаи нави сесола оид ба дастгирии Тоҷикистон ба мувофиқа хоҳем расид, ки идомаи барномаи пешини муваффақона амалишуда хоҳад гардид», – гуфт вай.

spot_imgspot_img

Популярное