ДДА баррасии масъалаи иҷозаи таҳсили донишҷӯёни тоҷикро ваъда кард

Ба Вазорати маорифи ҷумҳурӣ аз номи ректори Донишгоҳи давлатии Астрахан номаи ҷавобӣ расида, дар он баррасии иҷозаи таҳсили донишҷӯёни хориҷшудаи Тоҷикистон ваъда шудааст. Тавре аз Вазорати мазкур хабар доданд, дар мактуб зикр шудааст, ки пас аз муроҷиати расмии вазири маорифи ҷумҳурӣ Нуриддин Саидов, дар донишгоҳ оид ба ин масъала машварат доир гардида, тасмим гирифта шудааст, […]

Маҳпора Киромова


Ба Вазорати маорифи ҷумҳурӣ аз номи ректори Донишгоҳи давлатии Астрахан номаи ҷавобӣ расида, дар он баррасии иҷозаи таҳсили донишҷӯёни хориҷшудаи Тоҷикистон ваъда шудааст.

Тавре аз Вазорати мазкур хабар доданд, дар мактуб зикр шудааст, ки пас аз муроҷиати расмии вазири маорифи ҷумҳурӣ Нуриддин Саидов, дар донишгоҳ оид ба ин масъала машварат доир гардида, тасмим гирифта шудааст, ки 28-уми августи соли ҷорӣ ин масъала дар машварати махсус баррасӣ ва агар дар гурӯҳҳои шартномавӣ ҷойҳои холӣ пайдо шаванд, донишҷӯёни тоҷик метавонанд дар онҳо таҳсили худро идома диҳанд, зеро тибқи оинномаи донишгоҳ иҷозаи таҳсили донишҷӯёни хориҷшуда дар муддати 5 сол танҳо дар гурӯҳҳои шартномавӣ пешбинӣ шудааст.

Дар вазорат ҳамчунин изҳор намуданд, ки аз маблағи таҳсил дар гурӯҳҳои шартномавии ин донишгоҳ огаҳӣ надоранд, вале кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод, ки ба иҷозаи идомаи таҳсили донишҷӯёни тоҷик муваффақ шаванд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 24-уми марти соли равон дар майдони варзишии донишгоҳи Астрахан миёни донишҷӯёни тоҷик ва туркман муноқиша рух дода, шоми ҳамон рӯз ҷонибҳо ба созиш расида бошанд ҳам, рӯзи дигар дар бораи аз донишгоҳ хориҷ шудани чор нафар донишҷӯёни тоҷик ва чор нафар донишҷӯёни туркман бидуни ҳуқуқи барқарор кардан фармони маъмурияти донишгоҳ содир шуд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.