ХБА нақшаи нави ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро баррасӣ дорад

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор Ҷонатан Даннро ба ҳузур пазируфт. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба доир ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд. Тавре зикр гардид, ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, вобаста ба имконият ва шароити дохилию минтақавӣ ва ҳамчунин […]

ASIA-Plus


Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор Ҷонатан Даннро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба доир ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Тавре зикр гардид, ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, вобаста ба имконият ва шароити дохилию минтақавӣ ва ҳамчунин бо назардошти тавсияҳои Хазинаи байналмилалии асъор дар рафти татбиқ қарор дорад.

Бештар ба масоили омодасозии нақшаи нави ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор барои се соли оянда мароқ зоҳир карда шуд.

Ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба идома ва таҳкими ҳамкории судбахш таъкид доштанд.

Ёдрас мекунем, ки

моҳи ноябри соли гузашта

зимни мулоқот бо журналистон роҳбари гурӯҳи Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) дар Тоҷикистон Ҷонатан Данн изҳор кард, ки Тоҷикистону ХБА ба гуфтушунид оид ба роҳандозии барномаи нави дастгирии ҷумҳурӣ идома мебахшанд.

«Мо ба пешравии қобили таваҷҷуҳ дар ин самт ноил гардида, оид ба идомаи пешниҳоди машваратҳоиХБА зимни амалисозии барнома мувофиқа ҳосил шуд, вале мо иловатан бояд боз баъзе паҳлӯҳои масъаларо баррасӣ созем», – гуфт ӯ ва илова намуд, ки «дигар дар ин хусус чизи мушаххасе гуфта наметавонад».

Зимни боздид аз Душанбе директори Департаменти ХБА оид ба кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ Масъуд Аҳмад изҳор карда буд, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо дархости баррасии имкони қабули барномаи нави дастгирии ҷумҳурӣ ба Хазинаи байнулмилалии асъор муроҷиат намудааст.

«Умедворам, ки моҳҳои наздик дар бораи қабули барномаи нави сесола оид ба дастгирии Тоҷикистон ба мувофиқа хоҳем расид, ки идомаи барномаи пешини муваффақона амалишуда хоҳад гардид», – гуфт вай.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.