Сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Белгия


Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ озими Шоҳигарии Белгия шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар президенти Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии президент оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов, раиси Комиссияи экологии МН МО ҶТ Маҳмадшариф Ҳақдодов ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли гузашта ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Белгия каме бештар аз 14,1 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2011 ба андозаи 5,1 баробар зиёдтар аст.

spot_imgspot_img

Популярное