Таҳияи лоиҳаи қонун дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак

Як гурӯҳи вакилони парлумон лоиҳаи қонун «Дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак дар ҶТ»-ро таҳия кардааст, ки ояндаи наздик ҷиҳати баррасӣ ба Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ирсол мегардад. Узви Кумитаи МНМО ҶТ оид ба масоили иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Абдураҳмон Хонов дар ин робита ба ОИ «Азия-Плюс» гуфт, ки лоиҳаи қонуни мазкур аз 10 […]

Маҳпора Киромова


Як гурӯҳи вакилони парлумон лоиҳаи қонун «Дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак дар ҶТ»-ро таҳия кардааст, ки ояндаи наздик ҷиҳати баррасӣ ба Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ирсол мегардад.

Узви Кумитаи МНМО ҶТ оид ба масоили иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Абдураҳмон Хонов дар ин робита ба ОИ «Азия-Плюс» гуфт, ки лоиҳаи қонуни мазкур аз 10 боб ва 50 модда иборат буда, тамоми ҷанбаҳои ҳуқуқи кӯдакон ва ҳифзи манфиатҳои онҳоро фаро мегирад.

Ба қавли ӯ, Тоҷикистон 26-уми июни соли 1993 Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакро ба тасвиб расонид ва ӯҳдадориҳо барои амалӣ кардани талаботи ин санади байналмилалиро ба зимма гирифт.

«Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак дар тавсия ва қайдҳои хотимавии худ таъкид кардааст, ки қонунгузории миллӣ тамоми муқаррароти Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакро ба таври кофӣ инъикос наменамояд. Бинобар ин, бо дарки ин нукта моро лозим меояд, ки чораҳои иловагии қонунгузорӣ биандешем», – иброз дошт вакили мардумӣ.

«Аз ин рӯ, мо як гурӯҳи вакилон – раиси Кумитаи МНМО ҶТ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Хайринисо Юсуфӣ, раиси Кумитаи МНМО ҶТ оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмадалӣ Ватанов, муовини ӯ Насрулло Маҳмудов ва ман бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия кардем, ки дар муҳлати наздик ба Шӯрои МНМО ҶТ пешниҳод карда мешавад», – афзуд Хонов.

Номбурда ҳамчунин гуфт, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, аз ҷумла, Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак ва санадҳои қонунгузории Тоҷикистон, ҳар як шахси аз 18-сола хурд кӯдак ба шумор меравад. Мутобиқ ба маълумоти оморӣ, беш аз 30 дарсади аҳолии Тоҷикистонро кӯдакон ташкил дода, онҳо барои мамлакат захираи хеле муҳим ба шумор мераванд ва бинобар ин, давлат барои муҳайё кардани шароити мусоид ҷиҳати рушду камолоти онҳо саъю талошҳои зиёдро ба харҷ медиҳад.

Ҳамчунин зикр гардид, ки айни замон ҳуқуқҳои кӯдакон дар Тоҷикистон бо Конститутсияи  ҶТ, Кодексҳои оила, меҳнат, ҷиноятӣ ва гражданӣ, Қонунҳои ҶТ «Дар бораи маориф», «Дар бораи ҳимояи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи ҳифзи саломатӣ», «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ татбиқ, ҳифз ва амалӣ мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.