Дархости Зеландияи Нав ҷиҳати дастгирии номзадаш ба мақоми роҳбари СУС

Чанде қабл мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода бо сафири Зеландияи Нав дар Иттиҳоди Аврупо ҷаноби Вангелис Виталис сурат гирифт. Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни суҳбат зикр гардид, ки дар Тоҷикистон фазои мусоиди сармоягузорӣ муҳайё карда шуда, ҷиҳати сармоягузорӣ дар самтҳои афзалиятноки иқтисод як қатор имтиёзҳо […]

ASIA-Plus


Чанде қабл мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода бо сафири Зеландияи Нав дар Иттиҳоди Аврупо ҷаноби Вангелис Виталис сурат гирифт.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни суҳбат зикр гардид, ки дар Тоҷикистон фазои мусоиди сармоягузорӣ муҳайё карда шуда, ҷиҳати сармоягузорӣ дар самтҳои афзалиятноки иқтисод як қатор имтиёзҳо пешбинӣ шудааст.  

Ҷаноби Вангелис Виталис ба муносибати узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардидани Тоҷикистон таманниёти неку самимии худро баён дошт. Сипас, роҷеъ ба дастгирии ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати интихоб гардидани вазири тиҷорати Зеландияи Нав ба мақоми Директори генералии СУС изҳори хоҳиш намуд.

«То имрӯз бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи СУС аз 9 кишвар (Гана, Коста-Рика, Индонезия, Зеландияи Нав, Кения, Иордания, Мексика, Кореяи Ҷанубӣ ва Бразилия), ки намояндаҳои хешро пешниҳод намудаанд, 6 давлати аъзо (Индонезия, Зеландияи Нав, Иордания, Мексика, Кореяи Ҷанубӣ ва Бразилия) ҷиҳати дастгирии номзадҳояшон ба мақоми Директори генералии СУС муроҷиат намудаанд», – зикр намуд, Вазири рушди иқтисод ва савдо, Шариф Раҳимзода ва афзуд, ки ин амал аз он шаҳодат медиҳад, ки аллакай ҷумҳурии мо дар СУС мақоми арзандаи худро пайдо намудааст.

Ш.Раҳимзода дар идомаи суханрониаш таъкид намуд, ки намояндагони ҷумҳурии мо пас аз баррасии амиқи барномаҳои пешазинтихоботии муддаиёни ин мансаб ҳатман номзадеро, ки метавонад баҳри рушду равнақи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар байни кишварҳои аъзои СУС таҳаввулот ворид созад, ҷонибдорӣ намояд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ мубодилаи афкор намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.