Қонуншиканиҳои нахустин дар мурофиаи судии иштирокчиёни рӯйдодҳои Хоруғ

Дар Суди олии ҶТ мурофиаи судӣ нисбати иштирокчиёни эҳтимолии рӯйдодҳои Хоруғ дар тобистони соли гузашта Димон Ашӯров ва Шерик Карамхудоев оғоз гардид. Ба гуфтаи адвокатҳо, он аллакай бо риоя нашудани меъёрҳои мурофиавӣ шурӯъ шудааст. Ба гуфтаи Шуҳрат Қудратов, адвокати Димон Ашӯров, ҳангоме ки парванда ба суд дода шуд, адвокат ба судя ордер дпешниҳод намуда, иҷозати […]

Рамзия Мирзобекова



Дар Суди олии ҶТ мурофиаи судӣ нисбати иштирокчиёни эҳтимолии рӯйдодҳои Хоруғ дар тобистони соли гузашта Димон Ашӯров ва Шерик Карамхудоев оғоз гардид. Ба гуфтаи адвокатҳо, он аллакай бо риоя нашудани меъёрҳои мурофиавӣ шурӯъ шудааст.

Ба гуфтаи Шуҳрат Қудратов, адвокати Димон Ашӯров, ҳангоме ки парванда ба суд дода шуд, адвокат ба судя ордер дпешниҳод намуда, иҷозати дидор бо зерҳимояашро дархост кардааст, вале судя Нуриддин Расулов онро рад намудааст.

Шуҳрат Қудратов мегӯяд, ӯ ҷиҳати рад шудани судя ва баргузор намудани мурофиаи сайёри судӣ оид ба ин парванда дар шаҳри Хоруғ низ ба судя дархост пешниҳод намудааст, вале ин пешниҳодҳои ӯ низ ба инобат гирифта нашудаанд. «Мурофиаи судӣ аз бозпурсии Ш.Карамхудоев оғоз гардида, ӯ айби худро танҳо бо як моддаи 195-и КҶ ҶТ (Ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳа) эътироф намуд», – афзуд адвокат.

Бино ба маълумоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, мақомоти тафтишот бар ин назар аст, ки ҳарду айбдоршавандан дар муқовимати мусаллаҳона алайҳи нерӯҳои ҳукуматӣ ҳангоми рӯйдодҳои Хоруғ даст доранд. Парвандаи ҷиноии мазкур аз 8 фасл иборат аст.

Ҳамчунин мебояд зикр намуд, ки моҳи декабри соли гузашта Прокуратураи генералӣ изҳор карда буд, ки шахсонеро, ки аз 25-уми июл то 20-уми декабри соли гузашта баъд аз рӯйдодҳои Хоруғ ихтиёран аслиҳаашонро ба мақомот таслим кардаанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудааст.

Он замон хадамоти матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ иттилоъ дода буд, ки қарори афви чунин шахсон бо тавсияи гурӯҳи тафтишотӣ ва розигии муовини аввали прокурори генералии ҶТ қабул шудааст.


 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.