Ояндаи наздик Бонки давлатии амонатгузории «Амонатонк» шумори нафақагирон – дорандагони кортҳои пластикиро то ба 308 ҳазор нафар расониданист.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти «Амонатбонк», имрӯз шумори гирандагони нафақа тавассути корти бонкии муассиса дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Норак, Ваҳдат, Ёвон, Турсунзода, Хуҷанд, Исфара, Истиқлол, Истаравшан ва Хоруғ 206 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
«Афзоиши шумори дорандагони кортҳои пластикӣ бонкро ба тавсеъаи шабакаи банокматҳо дар саросари кишвар ӯҳдадор месозад. Айни замон шумораи умумии терминалҳои пардохтии насбгашта дар саросари ҷумҳурӣ 246 ададро ташкил дода, бонк тасмим гирифтааст, ки дар соли ҷорӣ боз 230 адад терминалҳоро харидорӣ ва насб гардонад», – зикр мегардад дар иттилои хадамоти матбуоти бонк.
Гуфта мешавад, имрӯз даври чаҳоруми барномаи гузариш ба «Пардохти нафақа тавассути кортҳои бонкӣ» оғоз гардид, ки тариқи он нафақагирони шаҳру ноҳияҳои Данғара, Сарбанд, Ҷиликӯл, Бохтар, Хуросон, Роғун, Рашт, Ҳисор, Рӯдакӣ, Чкалов, Қайроққум ва Ванҷ (беш аз 102 ҳазор нафар нафақагир) ба ин шакли наву замонавии пардохт мегузаранд.
Зимнан зикр мегардад, ки Раёсат ва сохторҳои Амонатбонк дар баробари ин ба корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотонии аҳолӣ ҷиҳати истифодаи кортҳои бонкӣ низ корҳои зиёдеро аз қабили паҳн намудани буклету овезаҳои иттилоотӣ, пахши роликҳои тарғиботӣ ва аз ҳисоби кормандони бонк ташкили гурӯҳҳои фаҳмондадиҳиро амалӣменамояд.
Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк»-и Тоҷикистон яке аз бонкҳои бузурги кишвар маҳсуб меёбад. Ба ҷуз анҷом додани амалиёти бонкӣ, БДА «Амонатбонк» ҳамчунин пешниҳоди хизматгузориҳо ба аҳолӣ, пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳоро низ амалӣ менамояд. Саҳҳоми асосии бонк давлат аст.



