Муаррифии натоиҷи қаблии Тадқиқоти тиббӣ-демографӣ

Сафири ИМА дар Тоҷикистон хонум Сюзан Эллиотт, мудири шӯъбаи тандурустӣ оид ба масоили занон ва оилаи Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ хонум Лола Бобоҳоҷиева, роҳбари Агентии омори назди президенти ҶТ хонум Бахтия Муҳаммадиева ва муовини якуми вазири тандурустӣ хонум Саида Ҷобирова дар муаррифии натоиҷи қаблии Тадқиқоти тиббӣ-демографӣ (ТТД) ширкат варзиданд.  Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон […]

ASIA-Plus


Сафири ИМА дар Тоҷикистон хонум Сюзан Эллиотт, мудири шӯъбаи тандурустӣ оид ба масоили занон ва оилаи Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ хонум Лола Бобоҳоҷиева, роҳбари Агентии омори назди президенти ҶТ хонум Бахтия Муҳаммадиева ва муовини якуми вазири тандурустӣ хонум Саида Ҷобирова дар муаррифии натоиҷи қаблии Тадқиқоти тиббӣ-демографӣ (ТТД) ширкат варзиданд. 

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, тадқиқоти мазкур аз ҷониби ҷомеаи байналмиллал эътироф шудааст.

Дар Тоҷикистон баъзе нишонаҳои мусбат аз руи якчанд нишондодҳои тандурустӣ ба қайд гирифта шудаанд.  Фавти кӯдакони то 5 сола 43 ба 1,000 дар солҳои 2008-2012 расид, ки ин назар ба 54 ба 1,000 дар солҳои 2003-2007 ва 76 ба 1,000 дар солҳои 1998-2002 ташкил дод.  Аз байни заноне, ки дар 5 соли охир кӯдакони зинда ба дунё оварданд, 87 % бо кӯмаки мутахассисони касбӣ ва 77 % дар муасиссаҳои тандурустӣ зодаанд.

 «Тасаввур кардани банақшагирӣ ё қабули қарор бидуни маълумоти омор имконнопазир аст.  Тадқиқоти мазкур ба ашхоси масъули ҳукумати Тоҷикистон, ки дар қабули тасмим саҳм доранд ва шарикони байналмиллалӣ маълумоти омории дақиқ ва ниҳоӣ роҷеъ ба вазъи саломатии аҳолӣ пешниҳод мекунад»- қайд намуд Сафир Эллиотт дар суханронии хеш.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.