Суғд: Ҳукми 17 соли зиндон ба узви гурӯҳи Худойбердиев

Барои узвият дар гурӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳи полковники ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев як сокини шаҳри Хуҷанд ба 17 соли зиндон маҳкум шуд. Чӣ тавре ки аз суди ноҳияи Шаҳристон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, сокини 28-солаи шаҳри Истаравшан Ҳасан Додобоеви 28-сола тибқи моддаҳои 305 (Хиёнат ба давлат), 306 (Бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зўроварӣ нигоҳ […]

Мавлуда Рафиева



Барои узвият дар гурӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳи полковники ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев як сокини шаҳри Хуҷанд ба 17 соли зиндон маҳкум шуд.

Чӣ тавре ки аз суди ноҳияи Шаҳристон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, сокини 28-солаи шаҳри Истаравшан Ҳасан Додобоеви 28-сола тибқи моддаҳои 305 (Хиёнат ба давлат), 306 (Бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зўроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият), 185, қ. 1 (Ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ), 186, қ. 2 (Бандитизм), 187, қ. 2 (Ташкили иттиҳоди  ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) ва 335, қ. 1 (Ғайриқонунӣ гузаштан аз  Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон) гунаҳкор дониста шуда, ба 17 соли зиндон бо мусодираи амвол ва адои ҷазо дар зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.

Парвандаи ҷиноӣ нисбати Додобоев аз ҷониби Раёсати КДАМ дар вилояти Суғд боз гардида, ӯ таҳти пайгарди қонунӣ қарор дошт ва моҳи ноябри соли 2012 дар қаламрави Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Дар ҷараёни тафтишот ошкор гардид, ки ҳанӯз соли 2002 Ҳ. Додобоев нахуст ба ҳамкорӣ ва сипас бевосита ба узвияти гурӯҳи ҷиноятпешаи мусаллаҳи полковники ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев ҷалб гардида буд. Ба қавли маҳкумшада, то соли 2005 ӯ дар лагерҳои гуногуни воқеъ дар Ӯбекистон тамринҳои омодагири гузаштааст ва  ба онҳо шароити мусоиду музди меҳнати хуб пардохт мекардаанд.

Қобили зикр аст, ки соли 2010 модари маҳкумшуда – Муҳаббат Додобоева низ барои содир намудани ҷиноятҳои дар боло зикршуда ба 17 соли зиндон маҳкум гардида буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.