Кӯмаки бебозгашти ИМА ба марзбонони тоҷик

Чанде қабл сафиратии ИМА ва шӯъбаи ҳамкории низомии Сафорати ИМА дар Душанбе ба қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон васоити нақлиёт ва таҷҳизот ба маблағи умумии зиёда аз 2 миллион доллари ИМА ба ҳайси кӯмаки бебозгашт тақдим карданд. Тавре аз сафорати ИМА дар ҶТ хабар доданд, таҷҳизоти мазкур, ки аз ҷониби Барномаи мубориза алайҳи қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддири […]

ASIA-Plus


Чанде қабл сафиратии ИМА ва шӯъбаи ҳамкории низомии Сафорати ИМА дар Душанбе ба қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон васоити нақлиёт ва таҷҳизот ба маблағи умумии зиёда аз 2 миллион доллари ИМА ба ҳайси кӯмаки бебозгашт тақдим карданд.

Тавре аз сафорати ИМА дар ҶТ хабар доданд, таҷҳизоти мазкур, ки аз ҷониби Барномаи мубориза алайҳи қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддири Фармондихии марказии ИМА (CENTCOM) маблағгузорӣ шудааст, имконоти қушунҳои сарҳадиро дар таъмини бехатарии марзҳои кишвар беҳтар хоҳад намуд.

Сафир Сюзан Эллиотт, дар маросими супоридани таҷҳизот ширкат варзида, қайд намуд, ки “Ҳукумати ИМА ҳадафҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар мубориза алайҳи қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир дастгирӣ менамояд.  Таъмини бехатариии марзҳои Тоҷикистон вазифаи аввалиндараҷа мебошад, ки дар сатҳи минтақа гуворост.  Қушунҳои сархадӣ вазифаи душвор доранд, чунки онҳо дар хати аввали дифоъ бар зидди хатарҳои беруна истода, бо истифода аз захоири  маҳдуд дар манотиқи душворгузар вазифаи муҳими худро амалӣ мегардонанд”.

Таҷхизоти ба Ҳукумати Тоҷикистон тақдимшуда аз бист адад васоити нақлиёти душворгузар (ВНД), даҳ адад автомобили барфгард, шашсад  радиоҳои  “Моторола”, сесад пойгоҳҳои барқии офтобӣ, чилу чор адад таҷҳизоти компутарӣ ва лавозимоти муҳофизатии фардӣ иборат мебошад.  ВНД ва автомобилхои барфгард ба қароргоҳҳои сарҳадии Тоҷикистон тақсим карда мешаванд.  Онҳо дар муборизаи қисмҳои қушунҳои сарҳадӣ алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқ кӯмак хоҳанд кард.  Васоити алоқа, таҷҳизоти компутарӣ ва тактикӣ низ қобилияти қисмҳои қушунҳои сарҳадӣ, қароргоҳҳ ва воҳидҳои марзбониро дар мубориза алайҳи хатарҳои беруна тақвият медиҳад.

Лоиҳае, ки васоити нақлиёт ва таҷҳизотро дастрас намудааст, яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмакрасон мебошад, ки амалишавии он бо дастгирии мардуми Амрико имконпазир гашт.  Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи 1 миллиард доллари ИМА ҷудо намудааст.  Сафорати ИМА дастгирии қушунҳои марзбонӣ тавассути ҳамкорӣ миёни сохторҳои ИМА ва Тоҷикистонро идома хоҳад дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.