«Амонатбонк»: Шумори нафақахӯрони кортдор ба 308 ҳазор нафар мерасад

Ояндаи наздик Бонки давлатии амонатгузории «Амонатонк» шумори нафақагирон – дорандагони кортҳои пластикиро то ба 308 ҳазор нафар расониданист. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти «Амонатбонк», имрӯз шумори гирандагони нафақа тавассути корти бонкии муассиса дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Норак, Ваҳдат, Ёвон, Турсунзода, Хуҷанд, Исфара, Истиқлол, Истаравшан ва Хоруғ 206 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. «Афзоиши шумори дорандагони […]

ASIA-Plus


Ояндаи наздик Бонки давлатии амонатгузории «Амонатонк» шумори нафақагирон – дорандагони кортҳои пластикиро то ба 308 ҳазор нафар расониданист.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти «Амонатбонк», имрӯз шумори гирандагони нафақа тавассути корти бонкии муассиса дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Норак, Ваҳдат, Ёвон, Турсунзода, Хуҷанд, Исфара, Истиқлол, Истаравшан ва Хоруғ 206 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

«Афзоиши шумори дорандагони кортҳои пластикӣ бонкро ба тавсеъаи шабакаи банокматҳо дар саросари кишвар ӯҳдадор месозад. Айни замон шумораи умумии терминалҳои пардохтии насбгашта дар саросари ҷумҳурӣ 246 ададро ташкил дода, бонк тасмим гирифтааст, ки дар соли ҷорӣ боз 230 адад терминалҳоро харидорӣ ва насб гардонад», – зикр мегардад дар иттилои хадамоти матбуоти бонк.

Гуфта мешавад, имрӯз даври чаҳоруми барномаи гузариш ба «Пардохти нафақа тавассути кортҳои бонкӣ» оғоз гардид, ки тариқи он нафақагирони шаҳру ноҳияҳои Данғара, Сарбанд, Ҷиликӯл, Бохтар, Хуросон, Роғун, Рашт, Ҳисор, Рӯдакӣ, Чкалов, Қайроққум ва Ванҷ (беш аз 102 ҳазор нафар нафақагир) ба ин шакли наву замонавии пардохт мегузаранд.

Зимнан зикр мегардад, ки Раёсат ва сохторҳои Амонатбонк дар баробари ин ба корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотонии аҳолӣ ҷиҳати истифодаи кортҳои бонкӣ низ корҳои зиёдеро аз қабили паҳн намудани буклету овезаҳои иттилоотӣ, пахши роликҳои тарғиботӣ ва аз ҳисоби кормандони бонк ташкили гурӯҳҳои фаҳмондадиҳиро амалӣменамояд.

Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк»-и Тоҷикистон яке аз бонкҳои бузурги кишвар маҳсуб меёбад. Ба ҷуз анҷом додани амалиёти бонкӣ, БДА «Амонатбонк» ҳамчунин пешниҳоди хизматгузориҳо ба аҳолӣ, пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳоро низ амалӣ менамояд. Саҳҳоми асосии бонк давлат аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.